Вазъи Украина абарқудратонро девона карааст?
Дар як нишаст аз ҷониби ИМА муовини раиси Департаменти давлатӣ оид ба корҳои сиёсӣ Виктория Нуланд ва аз Иттиҳоди Аврупо муовини Дабири кулли Хадамоти хориҷӣ Энрике Мора намояндагӣ карданд.
— Ҷонибҳо дар як изҳороти муштарак гуфтанд, ки онҳо аз ҳамоҳангӣ дар бораи таҳримҳои бесобиқа ва назорати содиротӣ алайҳи Русия истиқбол мекунанд,- хабар медиҳад ТАСС.
ИМА ва ИА «ҳамкориҳои зичро дар ҳамоҳангӣ бо G7 барои таъмини иҷрои қатъии ин чораҳо» ва инчунин «қадамҳо барои инзивои минбаъдаи» Русия аз иқтисодҳои ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ва системаи байналмилалии молиявиро баррасӣ карданд.
Онҳо ният доранд, ки дар робита ба Украина «барои амалҳои худ барои Русия хароҷоти сангин эҷод кунанд». Дар ин баёния ҳамчунин ба «тааҳҳуд ба тавсеаи эътилофи» кишварҳое, ки алайҳи Русия «таҳримҳо ва чораҳои назорати содиротӣ ҷорӣ мекунанд», таъкид шудааст.
ИМА ва ИА аз афзоиши шумори чунин давлатҳо истиқбол карданд. Аз Чин тақозо шудааст, ки таҳримҳоро «пайдо накунад ё халалдор накунад» ва ҳамчунин ба Маскав дар амалиёти низомӣ дар Украина кумак накунад.
Мавзӯи коҳиши вобастагии Иттиҳодияи Аврупо аз интиқолдиҳандагони энержии Русия низ баррасӣ шуд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, неруҳои украинӣ қасд доштанд, ки моҳи марти соли 2022 ба Донбасс ҳамла кунанд. Департаменти ҳарбӣ таъкид мекунад, ки амалиёти вижае, ки артиши Русия анҷом додааст, ҳамлаи густурдаи гуруҳҳои зарбазании неруҳои украинӣ дар ЛХР ва ДХР-ро пешгирӣ ва қатъ кардааст.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ин таҳримҳоро андоз аз истиқлол номид. Вай ҳамчунин қайд кард, ки таҳримҳо ҳамеша танҳо Русияро тақвият медоданд. Вазорати хориҷа таъкид кард, ки Русияро комилан дар инзиво гузоштан ғайриимкон аст ва дар шароити таҳримҳо имконоти нави дохилӣ боз мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ