Боздошти ронандаи фирорӣ баъд аз пахши ҷавонзан. Ӯ кист?

Санаи 29-уми марти соли ҷорӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА-RIO», рақами қайди давлатиаш 1326ТТ05, дар кӯчаи Қаҳҳоров ба самти муқобили роҳ ҳаракат намуда, як нафар пиёдагард — ҷавонзани сокини пойтахтро бо қисмати паҳлуи автомашина задаву аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки ронандаи фирорӣ шаҳрванд Саидов Абдуманнон Раҳмоналиевич, санаи таваллудаш 01.01.1997, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор мебошад, ки дар ширкати ҶДММ «Чархи иқбол» ҳамчун ронандаи мусофиркашони «такси» фаъолият менамояд.

Зимнан, автомашина ва ронанда — Саидов Абдуманнон боздошт ва ба шуъбаи БДА-и шаҳри Душанбе дастрас карда шуда, нисбаташ маводҳои лозима тартиб дода шудаву мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.

Гуфта мешавад, ки ҷавонзани ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ набардоштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *