Вазифаҳои нави шаҳрдории Душанбе
Вакилони халқи шаҳри Душанбе, имрӯз, 24-уми июл таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ бурду бохти пойтахт тайи 6 моҳи гузаштаро баррасӣ намуда, нақшаҳо барои 6 моҳи ояндаро тасдиқ кардаанд.
Тибқи иттилиои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ зимни муҳокимаи масъалаҳо таваҷҷуҳи вакилони халқ ва масъулини соҳаҳоро ба такмили фаъолияти комиссияҳои давлатии қабули иншоот, беҳдошти вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва ҳисобкунакҳои об, барҳамдиҳии қарздориҳо, ифтитоҳи марҳилаи дуюми лоиҳаи обтозакунӣ, беҳбуд бахшидани хизматрасониҳои коммуналию муҳандисӣ ҷалб намуд: «Масъулин вазифадор гардиданд, ки якҷо бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ҷиҳати тоза кардани партовҳои маишӣ, сари вақт безарар гардондан ва кашондани онҳо, ба талаботи муосир мутобиқ намудани низоми равшандиҳии шаҳр корҳои амалиро роҳандозӣ намоянд».
Ба иттилои манбаъ ба сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки барои пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии сӯхторҳо дар бозорҳо ва марказҳои савдо чораҷӯӣ намоянд: «Сарраёсати маориф вазифадор гардид, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр барои пешгирӣ ва кам кардани шумораи ноболиғони оворагард, талабандагон ва ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ бо саркардагони муноқишаҳо миёни хонандагони муассисаҳо чораҷӯи намуда, то охири сол ба Раиси шаҳр ахбор манзур намояд».
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ афзуд, «дар иҷлосия таъкид гардид, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғиботро бо сокинони пойтахт оид ба пешгирии пӯшидани сару либоси фарҳанги бегона, хурофотпарастӣ ва дигар омилҳои зараровари ҷомеа ҷоннок карда шуда, дар самти пешгирии касалиҳои сироятӣ, таъмини қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ корҳои амалӣ ба роҳ монда шавад».
Инчунин Рустами Эмомалӣ ба масъулин дастур додаст, ки барои ба миқдори зарурӣ харидорӣ ва ба бозорҳои шаҳр ворид намудани маҳсулоти кишоварзӣ, муътадил нигоҳ доштани нархҳо ва пешгирии болоравии онҳо дар бозорҳои шаҳр, махсусан дар арафаи иди Қурбон ва ташкили ҷойҳои фурӯши чорвои қурбонӣ ва забҳи он мунтазам корҳои амалиро анҷом диҳанд: «Такмил додани корхонаҳои коммуналии хизматрасонии нақлиётӣ, ба низом даровардани хатсайрҳо, ҷорӣ намудани низоми пардохти ғайринақдии ҳаққи мусофиркашонӣ, таъмини сару либоси ягонаи ронандагон ва танзими реҷаи ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар хатсайрҳо, пешгирии тамбашавӣ ва интизоршавии дурударози мусофирон, фаъолияти дурусти нақлиётҳои ҷамъиятӣ дар терминалҳои мусофиркашонӣ дар чор самти шаҳр ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бояд дар кӯтоҳтарин мӯҳлат ба танзим дароварда шавад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ