Вазир аз озмоишгоҳҳои донишгоҳ боздид ба амал овард

3-юми феврали соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ аз озмоишгоҳҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ боздид ба амал овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни боздид аз озмоишгоҳҳо вазири маориф ва илмро муовини аввали вазири маориф ва илм Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ва муовини вазири маориф ва илм Қодирзода Диловар ҳамроҳӣ намудаанд.

— Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ Давлатзода Қудрат Қамбар ба меҳмонон доир ба озмоишгоҳи технологияҳои мошинсозӣ ва озмоишгоҳи ал-Ҷазарӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард. Зикр гардид, ки озмоишгоҳи технологияҳои мошинсозӣ дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар донишгоҳ бунёд гардида, дар он номгӯи зиёди дастгоҳ ва таҷҳизоти муосир ҷойгиранд. Дар озмоишгоҳ зиёда аз 60 номгӯй дастгоҳ ва таҷҳизоти муосир ҷойгир аст, ки имкони амалӣ намудани раванди технологии истеҳсол аз тарҳрезӣ то маҳсулоти тайёрро дорад,- меафзояд манбаъ.

Дар рафти боздид аз озмоишгоҳҳо кормандони илмӣ ба ҳайати меҳмонон имкониятҳои амалии озмоишгоҳҳо, маҳсулоти дар озмоишгоҳ омодашуда ва дурнамои рушди озмоишгоҳҳои донишгоҳро намоиш додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *