Ҷо Байден чӣ мехоҳад?

Cухангӯи Вазорати дифои Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми январ эълон кард, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури ИМА ба фиристодани ҳудуди 2 ҳазор нерӯ ба Лаҳистон ва Олмон мувофиқат кард. Ба иловаи ин, тақрибан ҳудуди ҳазор аскари амрикоӣ низ аз Олмон ба Руминия фиристондадода мешаванд.

Ҷон Карби, сухангӯи Вазорати дифои Амрико дар нишасти хабарӣ гуфт, ки фиристодани ин нерӯҳо дар чанд рӯзи оянда анҷом мегирад, то пойбандии Вашингтон ба ӯҳдадориҳои худ дар баробари муттаҳидонаш дар НАТО дар сурати рӯбарӯ шудан бо ҳамлаи эҳтимолиро, нишон диҳад.

ҳудуди ду ҳазор аскар аз пойгоҳи низомие дар Каролинаи шимолӣ ба Лаҳистон ва Олмон фиристода мешаванд, хабар дод сухангӯи Вазорати дифои Амрико. Украина барои дифоъ аз худ дар баробари ҳамлаи эҳтимолии Русия ба  Вашингтон барои аслиҳа муроҷиат бурда, дар сурати рух додани ҳар гуна ҳамла, ҳеҷ неруи амрикоӣ дар хоки Украина вориди ҷанг нахоҳад шуд.

Ин дар ҳоле сурат мегирад, ки

Музокироти Амрико ва Аврупо бо Русия дар бораи ҷобаҷойии нерӯҳои низомии ин кишвар дар марзҳои Украина нотамом мондааст. Нигарониҳо дар мавриди ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина афзоиш ёфтааст.

Рӯзномаи «Wall Street Journal» низ пеш аз ин гузориш дода буд, ки Ҷо Байден ба ҳадафи тақвияти муттаҳидони аврупоии Вашингтон, дастур додааст, ки «беш аз се ҳазор нерӯи амрикоӣ дар Аврупои шарқӣ» ҷобаҷо шаванд.

Бино ба итилои Ғарб беш аз 100 ҳазор нерӯи русӣ дар марзҳои Украина ва Белорус ҷобаҷо шудаанд. Русия мегӯяд, ки нияти оғози даргириро надорад ва моил аст ба талошҳои дипломатӣ аз роҳи ҳалли ин таниш идома диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *