Вазир: Аз ташхис гузаштани навхонадорон комилан ройгон аст
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Салом. Чуноне мо иттилоъ дорем аз ташхис гузаштани навхонадорон яъне домодшавандаю арусшавандаро Хукумат ройгон муайян кардааст. Аз чи сабаб бошад дар Панчакент барои аз ташхис гузаштан 300сомон масраф мешавад?
Албатта аз назорати пурраи тиббӣ гузаштани навхонадорон дар саросари ҷумҳурӣ комилан ройгон гузаронида мешавад. Ҳеҷ духтуре ҳаққи талаб намудани маблағро надорад. Ногуфта намонад, ки баъзан худи навхонадорон ё ақрабои онҳо барои гирифтани ҳуҷҷат ва нагузаштан аз муоина ба духтурон маблағ медиҳанд, ки ин комилан ғайри қонунӣ аст. Ҷавонон бояд дарк кунанд, ки гузаштан аз муоинаи пурраи тиббӣ қабл аз никоҳ ба манфиати худи онҳост.
Агар ҳангоми аз муоинаи тиббӣ гузаронидани навхонадорон касе ба тамаъҷӯии духтурон дучор шавад ва ё умумн ягон ҳолати қонунвайронкуниро мушоҳида кунад метавонад ба Хадамоти фаъолияти тиббӣ бо рақамҳои : 44 600 65 06, 44 600 65 07 ва 44 600 65 08
Идомаи гуфтугӯи мустақим бо вазири тандурустӣ Олим Насим Хоҷаро дар шумораи ояндаи ҳавтаномат «Тоҷикистон» метавонед мутолеа кунед