Вазир ҳодисаи ошуби зиндони Хуҷандро шарҳ дод
Сироҷиддин Муҳриддин (Аслов) – вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон – дар як нишасти матбуотӣ дар Брюссел эълон кард, ки дар исёни шаби ҳафтуми ноябр дар зиндони Хуҷанд 21 ошӯбгар «безарар гардонда шуд».
Ба қавли ӯ, аксари ошӯбгарон афроди маҳкум ба терроризм, аз ҷумла пайравони гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» буданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 22-юми ноябр ба суоли яке аз хабарнигорон посух дод ва гуфт, ки дар ин ҳодиса ду маъмури маҳбас кушта шуда ва панҷ зиндонбон шадидан захмӣ гардиданд.»Дар ин ҳодиса 21 ошӯбгар безарар гардонда шуданд. Маъмурони зиндон дар аввал хостанд, ки онҳоро ба муколама даъват кунанд, вале онҳо ба муқовимати худ идома дода, хостанд, аз маҳбас фирор намоянд. 12 нафар аз ошӯбгарон ба ҳайси узви ДИИШ дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок кардаанд. 3 нафар узви гуруҳҳои ифротиву террористии “Ансоруллоҳ”, Ҳаракати исломии Узбекистон ва Ҷундуллоҳ ва шаш нафари боқимонда маҳкум ба ҷиноятҳои вазнине ба мисли роҳзаниву куштор ва қочоқи маводи мухаддир буданд», — шарҳ дод ӯ.Ин нахустин шарҳи расмии мақомоти Тоҷикистон дар бораи ошӯби шаби ҳафтуми ноябр дар зиндони рақами сеи Хуҷанд аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ