Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе барои футболбозони наврас

Мусобиқаҳо баҳри дарёфти Ҷоми Раиси Душанбе оид ба футболи хурд, Ҷоми Раиси Душанбе оид ба волейбол байни дастаҳои бонувони вазорату кумитаҳо, муассисаю ташкилот ва корхонаҳо соли сеюм аст, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҳукми анъана даромада, дар оммавигардонии варзиш нақши муҳим мегузоранд.

Дирӯз аз шаҳрдорӣ вобаста ба ин  боз як муждаи нав расид: дар пойтахт бори аввал мусобиқаи дастаҳои наврасони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт барои дарёфти Ҷоми Раиси Душанбе оид ба футболи хурд баргузор мегардад!

Раҳматшо Камолов,  директори Муассисаи давлатии «Мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе» ин рӯйдоди муҳимро дар ҳаёти варзишгарони наврас ин тавр шарҳ дод:

— Мусобиқаи дастаҳои наврасон барои дарёфти Ҷоми Раиси Душанбе оид ба футболи хурд аллакай 10 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон шурӯъ шуда, дар он дастаҳои наврасони шаҳраку маҳаллаҳои мактабҳо ва иншооти варзишии пойтахт, аз ҷумла, майусончаҳои тозабунёди варзишӣ ширкат меварзанд. Баргузории мусобиқа дар ду давра ба нақша гирифта шудааст. Давраи  якуми он  25 дастаи беҳтаринро муайян карда, ба давраи дуюми мусобиқа роҳхат дод…

Воқеъан, имрӯз Муассисаи давлатии «Мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе» дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсӣ (дар паси муассисаи тиббии «Диагностика») ҷой гирифта, дар тавозуни худ толори варзишии барҳаво қарор додааст. Муассисаи  мазкур дар ҷойи нав нахустмусобиқаи Ҷоим Раиси шаҳри Душанберо, ки   аз 21-ум то 30 ноябр мегузаронад. 21 ноябр ба ин муносибат дар варзишгоҳи муассисаи номбурда  маросими тантанавии ифтитоҳи ин чорабинии ҷолиби варзишӣ хеле хотирмон гузашт. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иштирокчиёни мусобиқаро аз номи  шаҳрдорӣ бо рӯйдоди фараҳбахш, ки ҳадаф аз он таҳкими тандурустии насли наврас ва даъвати м ардум  ба тарзи зисти солим мебошад, табрик намуд ва барояшон барору муваффақият хост.

— Дастаҳои наврасон дар 4 гурӯҳ бо ҳам вохӯрда, ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба давраи баъдии Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе роҳ меёбанд, — гуфт масъули баргузории мусобиқа Раҳматшо Камолов. – Вохӯриҳои финалии мусобиқа дар охири моҳи равон баргузор шуда, ғолибону футболбозони беҳтарин сазовори Ҷому ҷоизаҳо ва ифтихорномаҳои МИҲД-и Душанбе гардонида мешаванд.

Эмоми  НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *