Шарифзодаро аз вазифа гирифтанд

Иззатулло Шарифзода, муовини вазир ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон аз мақомаш озод шуд. Қарори барканории Иззатулло Шарифзода рӯзи 23-уми ноябр аз сӯи Президент  Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.

Дар қарори раиси ҷумҳури Тоҷикистон иллати барканории оқои Шарифзода, «ба нафақа баромадан», гуфта шудааст. Тибқи ҳамин қарор,​Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз мақомаш озод ва ҷойгузини Иззатулло Шарифзода шудааст.

Ин тағйирот дар пайи ошӯб дар зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Дар ин ошӯб ба қавли мақомот 21 зиндонӣ ва 2 зиндонбон ҷон доданд. Ошӯб дар зиндони Хуҷанд аз пурсарусадотарин ҳодисаи чанд моҳи охир дар Тоҷикистон буд. Гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» эълон кард, ки ошӯб дар зиндони Хуҷанд кори дасти онҳо буд.

Аммо Иззатулло Шарифзода, ягон мақоми идораи зиндонҳо нест, ки дар пайи ошӯб дар зиндони Хуҷанд барканор шуд. Пеш аз ӯ рӯзи 15-уми ноябр Файзулло Сафарзод, раиси зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо ин ошӯб сар зада буд, ҳамроҳ бо шаш кормандаш боздошт шуд.

Шаби 7 ба 8 ноябр дар зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд ошӯбе бархост, ки дар натиҷаи он даҳҳо зиндонӣ ва ҳадди аққал ду зиндонбон кушта шуд. Бо гузашти ним моҳ рӯзи ҳодиса мақомоти тоҷик аз ҳама гуна шарҳ худдорӣ мекунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *