Вазир: Омодаи ҳамкорӣ бо Фаррух Рӯзиматов ҳастем
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки барои ҳамкории Фаррух Рӯзиматов бо Театри академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мушкиле нест.
“Ман бевосита бо Фаррух Рӯзиматов мулоқот доштам. Барои ҳамкории ӯ ягон мушкил нест. Мо ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ҳастем”,-гуфт Матлубахон Сатториён.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2021 ситораи балети ҷаҳон Фаррух Рӯзиматов ба Тоҷикистон омада буд. Он замон Камолиддин Сайфиддинзода, директори Театри академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ эълон намуда буд, ки Рузиматов раҳбарии бахши балети театрро ба дӯш мегирад.
“Қарор буд, ки Рӯзиматов соле як -ду маротиба омада, дар саҳнаи мо асар мегузорад. Вале ҳанӯз нақшаи мо амалӣ нашудааст. Вале мо бо дигар балетмейстерҳо аз Русия, Ӯзбекистон ва Эрон ҳамкорӣ дорем. Фаъолияти бахши балети театри мо хуб аст”, – гуфт Камолиддин Сайфиддинзода дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фаррух Рӯзиматов яке аз ситораҳои балети ҷаҳон буда, ҳоло дар Русия фаъолият дорад. Ӯ соли 2021 ӯ дар саҳнаи театри тоҷик асари балети ҷаҳонии хеш “Мубориза бо оташ”-ро иҷро карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ