Вазир: Табиб байни маргу зиндагӣ қарор дорад

Саодати умри табиб дар саломатии одамон инъикос ёфта ва табиб ҳамеша дар марзи маргу зиндагии одамон қарор дорад.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ гуфт, ки саодати умри табиб дар саломатии одамон инъикос ёфта ва табиб ҳамеша дар марзи маргу зиндагии одамон қарор дорад.

Ҳамзамон, Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 17 август дар Иди касбии табибон таъкид кард, ки “ҷондоруи миллати тоҷик сулҳ буд ва ин тифли роҳгардони миллат, ки истиқлол ном дорад, инак 28-сола мешавад».

Бахшида ба Иди касбии табибони Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гашт. Дар ин ҷашнвора Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Марта Эверард, роҳбари Намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон, Маҳмадшо Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, муовинони вазири тандурустӣ ва доираи васеи роҳбарону кормандони муассисаҳои тиббӣ иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинии тантанавӣ ба як қатор кормандони фаъоли соҳаи тандурустӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо унвони Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорнома ва Сипоснома тақдим карда шуд.

Дар охири ҷамъомади идона баҳри болидарӯҳии иштирокдорон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил гардид, ки дар он гурӯҳи рақсии “Падида”, сароянгадони эстрадаи тоҷик баромад намуда, табъи иштирокдоронро болида намуданд.

Ёдрас мешавем, ки аз соли 1994 инҷониб 18 август, яъне рӯзи таваллуди Абуалӣ ибни Сино ҳамчун Иди касбии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *