Вазири фарҳанг барканор шуд
Гулшат Оразмуҳаммадова, вазири фарҳанги Туркманистон аз вазифа барканор шуд. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти ин кишвар дар бораи барканории Оразмуҳаммадова 15 май фармон содир кард.
Вазири фарҳанг 25 феврал ин мақомро ишғол ва бо гузашти камтар аз се моҳ барканор шуд. Вай то замони вазириаш дар вазифаи муовини раиси шаҳри Ишқобод фаъолият мекард.
Барканории ногаҳонии Оразмуҳаммадова дар ҳоле сурат мегирад, ки дар ин кишвар ҷобаҷогузории густардаи мансабдорон, аз кор хориҷ кардан ва боздошти мансабдорони баландпояи туркман идома дорад.
Охири соли гузашта ноиб-сарвазир Гулшат Маммедова, вазири фарҳанги вақт Аннагелдӣ Гараҷаев ва раиси кумитаи радиотелевизиони Туркманистон Мақсат Алтаев дар робита ба «таҳияи нокофии консертҳои ҷашнӣ дар радиову телевизион» танбеҳи қатъӣ гирифтанд.
Девони вазирони Туркманистонро президент ташкил медиҳад. Президент ҳамзамон раиси ҳукумат аст. Ҳукумати Туркманистон аз 10 ноиб-сарвазир, 21 вазир ва 27 раиси кумитаву ташкилот иборат аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ