Чаро муҳоҷирзанҳо аз фарзандонашон рӯй тофтанд

Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия шаҳрвандони бесаробонмонда аз 5 то 14-моҳа, ки модаронашон тоҷик сапт ёфтаанду аз фарзандони худ рӯй тофтанд, ба қайд гирифта шуд.
Ба шумори панҷ кӯдаки тоҷик, ки модаронашон аслан тоҷик эътироф шудаанд, дар Маскав баъди таваллуд аз онҳо даст кашидаанд, ки ин боиси нигаронии  сафорати Тоҷикистон гашт ва аз пайи инчораҳои судманд андешида шуд. Яъне кӯдаконро ҳафтаи равон ба Тоҷикистон баргардониданд.

Аз рӯи қайди сафоратхона кӯдакон чунин сапт гаштанд:
1.Кулулаев Руслан Эшонович, санаи таваллудаш 11-уми марти 2016,
2.Назиров Руслан Гадойназарович, санаи таваллудаш 28-уми апрели 2016,
3.Юрченко Ситора Николаевна, санаи таваллудаш 22-юми июли соли 2016,
4. Муслатдинов Саид Сабриевич, соли таваллудаш 11-уми ноябри 2016
5. Каримов Курбан Бурхонович, санаи таваллудаш 6-уми декабри соли 2016.

Сафорати Тоҷикистон афзуд, ки модарони ин ноболиғон ҳангоми будубош дар Россия, пас аз таваллуд аз фарзандони худ даст кашидаанд ва онҳо аз Раёсати васоят ва парастории ноҳияҳои гуногуни шаҳри Маскав гирифта шуданд: “Ба ноболиғони мазкур аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Русия Шаҳодатномаи бозгашт ба ватан таҳия гардида, ҳафтаи ҷорӣ  бо хатсайри Маскав-Душанбе ба Тоҷикистон баргардонида шуданд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *