Муқимҷон Абдуфаттоев: “Хандинкамон” бе Гулбаҳор намемирад!

Театр-студияи “Хандинкамон”  аз зумраи театрҳои ҳаҷвиест, ки миёни мухлисону тамошобинони ҳаҷв нуфузу эътибори зиёд дорад, вале аз чӣ бошад, ки вақтҳои охир аъзоёни гурӯҳ яке паси дигар онро тарк гуфта, ба дигар гурӯҳҳо шомил мешаванд.

Чаро ҳунармандон аз чунин гурӯҳи овозадор мераванд? Сари ин мавзӯъ суҳбате доштем бо роҳбари театр-студияи “Хандинкамон” Муқимҷон Абдуфаттоев.

-Аввалан шуморо бо ҷашни 14-солагии “Хандинкамон” муборакбод мегӯем!

-Раҳмат! Саломат бошед!

14 сол вақти кам нест, дар ин муддат як тифлаки ширмак ба воя расида бачаи зебои қадрас мешавад. Чаро ҳунармандоне, ки солҳои дароз дар ҳайъати ин гурӯҳ ҳунарнамоӣ карда, дар байни мардум шуҳратёр гашта буданд, яке пайи дигар “Хандинкамон”-ро тарк намуданд?

Вақте собиқ раиси Вилояти Суғд Қосимҷон Раҳбарович маро барои кор ба шаҳри Хуҷанд даъват намуданд, аввалин коре, ки кардам, Коно ва  Доноро овардам. Сулаймон он солҳо дар беморхона ба ҳайси бародари шафқат фаъолият мекард, ман ӯро маҷбур гирифта ба Хуҷанд овардам. Гулбаҳор низ бекор буд. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, вақте ман онҳоро даъват кардам, тамоман шароити ба шаҳр омада кор  кардан надоштанд. Волидонашон гуфтанд, ки роҳкирояшонро худат медиҳӣ, чунки онҳоро маҷбурӣ бурда истодаӣ. Барои он ки бачаҳо азоб накашанд, хонаеро иҷора гирифта ба кормандони театр додам. Пулашро ҳар моҳ худам медодам. Барои пешравии кори театр якҷоя кор карда, муваффақияту комёбӣ ва барору нобарориҳоро бо ҳам медидем, вале… Дунё ҳамин аст, яке мераваду дигаре меояд…

-Худи шумо чаро ба театри русии ба номи Пушкин гузаштед?

-Тӯли се сол мешавад, ки мо театр-студияи “Хандинкамон”-ро аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Бӯстон (Чкаловск) ба шафати театри драмавии русии ба номи А.С. Пушкин  овардем. Баъди ба ин ҷо омадан маро сарвари театри русии ба номи Пушкин таъин карданд, аз ҳамин сабаб  роҳбарии театр-студияро ба як ҳунарманди дигар вогузор намудам. Имрӯз ӯ ҳамчун роҳбар фаъолият карда истодааст ва кораш бад нест.

-Қариб дар тамоми саҳнаҳои ҳаҷвӣ шумо ва Гулбаҳор Ғаффорова нақши зану шавҳарро бозида мардумро механдондед. Мегӯянд, ки шавҳараш рашк карда, Гулбаҳорро маҷбур намудааст, ки аз кор равад…?

Ман шавҳари  Гулбаҳорро аз наздик намешиносам ва рашк кардан ё накарданашро намедонам. Аслан, ин ба ман ҳеҷ робита надорад, чунки ман ба ҳаёти оилавии онҳо кор надорам. Сабаби ба театри Коно ва Доно ба кор рафтани Гулбаҳорро ба ғайр аз худаш касе намедонад.

-Рафтани Гулбаҳор ба кори шумо халал ворид накард?

-Баъди он ки Гулбаҳор шавҳар карда аз “Хандинкамон” рафт, мо бе ҳунарманди зан мондем, вале ин мушкилиро низ бо мурури вақт паси сар намудем. Имрӯз дар ҳайати театр-студияи мо 11 ҳунарманди ҷавону  боистеъдод ҳунарнамоӣ мекунанд. “Хандинкамон” бо рафтани Гулбаҳор ва дигар ҳунармандони собиқаш намемирад!

ар оҳанги гуфторатон як навъ ранҷиш ва озурдагӣ эҳсос мешавад.  Аз он ки шогирдонатон шумо ва “Хандинкамон”-ро тарк намуданд, сахт ранҷидед? Мабодо онҳо дубора ба театр баргаштанӣ шаванд, қабул мекунед?

Медонед чизе, ки шикаст, онро дубора аз нав мисли пештара сохта намешавад. Бачаҳое, ки ман аз деҳа оварда, дасташонро дар роҳи санъат рост кардам, барои таъсис додани театри нав талош намуданд ва ин боиси ифтихори ман аст, зеро дар рушди кор ва сайқалёбии ҳунари онҳо саҳми банда низ ҳаст. Ман хуб медонам, ки кӣ ба чӣ кор қодир аст ва дар ҷайбаш (саҳнаро дар назар дорад) аз бисоти ҳунар чӣ молу матое дорад. Чизҳое, ки ман менавиштам, онҳо мехонданд, образҳое, ки меофаридам, аз саҳна ба тамошобинон пешкаш мекарданд, вақти он расидааст, ки моли худро низ ба мардум пешкаш намуда, баҳои тамошобинро бифаҳманд…

Овозаю ҳангомаҳо атрофи аз “Хандинкамон” рафтани Сулаймон Саидғозиев, ки бештар нақши занро мебозид, то куҷо ҳақиқат доранд?

Дар ҳақиқат Сулаймон аз “Хандинкамон” рафт. Таърихи рафтанаш чунин аст, ки рӯзе худаш ба наздам омада гуфт, ки монда шудааст. Вақте ин шикоятро аз забони Сулаймон шунидам, чизе нагуфта барои рафтанаш дарро боз намудам.

-Чаро?

-Одамро маҷбур карда ба пахтачинӣ ё шудгор кардани замин бурдан мумкин аст, вале ҳунармандро маҷбур ба саҳна бароварда намешавад. Касе, ки ба саҳна мебарояд, бояд бо майли дил барояд ва ошиқи зори пешааш бошаду пеш аз ҳама худаш аз ҳунарнамоияш лаззат барад. Вақте ки ҳунарманд “ман монда шудам” мегӯяд, ин маънои онро дорад, ки дасту дили ӯ ба коре, ки мекунад, гарм нест. Бо дили мисли ях хунук ҳунарманд наметавонад дили дигаронро гарм карда, онҳоро хандонад ё ба шӯру шавқ биёрад. Вақте Сулаймон бо забони худаш “ман монда шудаам” гуфт, ман дарк намудам, ки ӯ дигар хоҳиши бо мо кор кардан надорад, барои ҳамин ягон гапи зиёдатӣ назада, хомӯшона ӯро аз кор озод кардам. Шунидам, ки гурӯҳи худашро созмон додааст. Ман ба ӯ муваффақият мехоҳам!

-Нақшҳое, ки шумо дар саҳна меофаред, ба зиндагии воқеии мардум бисёр наздик ҳастанд. Шудааст, ки баъди намоишнома  ягон кас аз гиребонатон гирифта бошад?

-Мо як намоишнома дорем, ки “Қулфу калид” ном дорад. Сюжети он аз ҳаёти пирамардест, ки ҳамаи фарзандонаш ба Русия рафтаанд ва аз паси кору бори худ шуда, падару модар доштанашонро аз ёд бурдаанд. Зану шавҳар маслиҳат карда муҳаббати фарзандонро санҷиданӣ мешаванд. Модарашон занг зада ба бачаҳо мегӯяд, ки падаратон вафот кард ва хонаро ба яке аз шумоён мерос гузоштааст. Падар дар гӯшае пинҳон шуда, гиряҳои сохтаи  фарзандонашро тамошо мекунад ва дар охир ҳамаашонро аз дар берун карда, хонаро ба номи саги вафодораш мегузаронад. Вақте намоишнома тамом шуд, як зан ба назди ман омада гуфт, ки шумо ҳаёти маро намоиш додед. Он зан дар бисоташ ҳамагӣ як писар доштаасту писараш ба гапи занаш даромада, аз ҳоли модараш тамоман хабар намегирифтааст. Рӯзе он модар барои санҷиш мегӯяд, ки хонаро ба номи ҳамсоя мегузаронам, чунки ӯ маро нигоҳубин карда истодааст. Писараш ин гапро шунида зану фарзандонашро партофта, аз Русия ба Тоҷикистон омадааст, то ки хона аз даст наравад…

Сомонаи “tajikistantimes.tj” дар байни ҳаҷвнигорон озмун эълон кардааст ва номи шумо он ҷо аст. Нигоҳи Шуморо ба ин озмун донистан мехостем?

змуни мураббияи сол, муаллими сол ва ҳатто табиби солро шунидаам, вале ҳеҷ гоҳ нафаҳмида будам, ки ҳаҷвнигори сол шавад. Раҳмат ба касоне, ки мо, ҳаҷвнигоронро фаромӯш накарда ин озмунро ташкил намуданд, то мардум, мухлисон ба ҳунари мо баҳо диҳанд. Озмун аз як тараф рейтинги ҳаҷвнигоронро муайян намояд, аз ҷониби дигар барои тарғиби ҳунар ва ҳунармандӣ дар байни ҷавонон нақши бисёр хуб мебозад. Бубинед, имрӯз аксари ҷавонони мо мехоҳанд ҳуқуқшинос, дипломат ё банкир шаванд, бачаҳое, ки роҳи санъатро интихоб мекунанд, хеле каманд…

-Дар шабакаҳои маҳалии Хуҷанд барномаи  фарҳангию фароғатие пахш мешавад, ки нусхаи барномаи “Комеди-Клаб”-и телевизиони Русия  мебошад. Тамошобинон онро чӣ гуна қабул мекунанд?

амошобинони ин барнома асосан ҷавонон ҳастанд, то ҷое, ки ман огоҳӣ дорам, ҷавононе, ки дар ин намоиш иштирок мекунанд, қариб ҳамаашон кормандони бонку дигар корхонаҳои бонуфуз ҳастанд ва ин корро барои пул не, бо амри дил мекунанд.

Кӯшиш накардед, ки ин намоишномаҳои ҳаҷвиро тариқи телевизионҳои марказӣ пешкаши тамошобин гардонед?

Дар ин барномаҳо бештар шева истифода мешавад, махсусан шеваи гуфтори мардуми шаҳри Хуҷанд аст. Кӯшиш мекунем, ки дар оянда забони барномаро ба забони адабӣ наздик карда, тариқи шабакаҳои марказӣ пешкаши тамошобинон гардонем.

Вобаста ба 14-солагии “Хандинкамон” чӣ чорабиниҳои фарҳангиро дар нақша доред?

-Бахшида ба 14-умин солгарди гурӯҳамон  ва Соли ҷавонон мо гузаронидани барномаи рангини ҳаҷвиро дар шаҳрҳои Хуҷанд, Душанбе, Ҳисор, Қурғонтеппа ва Турсунзода ба нақша гирифтаем, ки то санаи 25-уми май баргузор мегарданд. Умедворам, ки писанди тамошобинон мегардад.

Муваффақ бошед!

Суҳбаторо:  Маҳинаи Давлат

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *