Вазири хориҷии Бангладеш ба Душанбе меояд

Имрӯз   ҳайати Ҷумҳурии Халқии Бангладеш таҳти роҳбарии Вазири давлатии корҳои хориҷӣ, узви Парлумони Бангладеш  Муҳаммад Шаҳриёр Алам  ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.

Сафари ҳайати Ҷумҳурии Бангладеш дар Тоҷикистон то 14 апрел идома меёбад. Ҳайати Ҷумҳурии Бангладеш қабл аз сафар ба кишвари мо аз Ҷумҳурии  Ӯзбекистон боздид ба амал овард. Тавре «Вести.uz» навиштааст, ҳайати  Ҷумҳурии Бангладеш, ки ба он  намояндагони соҳаи соҳибкорӣ ва тиҷорати ин кишвар шомил мебошанд, дар парлумон, ВКХ Ӯзбекистон мулоқотҳо доир намуда, дар ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар ширкат ва аз шаҳрҳои таърихии Самарқанду Бухоро дидан намуданд. Хотиррасон менамоем, ки соли 2015 зимни мулоқоти худ бо раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Бангладеш Муҳаммад Шаҳриёр Алам ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи саноати бофандагӣ ва содироти пахтаи Тоҷикистон ба Бангладеш  таваҷҷуҳи хоса зоҳир  намуда буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *