Ҳаво имрӯз абриву бебориш мешавад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Имрӯз, 11 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона дар водиҳо боридани борон ва дар баландиҳои 2000 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-11 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, баъзан боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 1-4 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 1-7 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳаво офтобӣ шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст. Шабона дар водиҳо 5-10 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 6-8 ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *