Вазири корҳои дохилии Русия ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев ба Тоҷикистон меояд. Номбурда бо як ҳайат рӯзи 27 май вориди шаҳри Душанбе мешавад.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Нусратулло Маҳмадзода ба хабаргузори «Sputnik» ин хабарро тасдиқ кардааст.

«Ҳайати Русия рӯзи 27 май вориди Душанбе мешавад ва рӯзи дигар – 28 май – нишасти муштараки ҷонибҳо дар бинои Ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе баргузор мешавад. Дар ҷаласа масъулони вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия низ ширкат хоҳанд кард», — гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *