Вазири корҳои хориҷии АМА ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байнулмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) Абдулло ибн Зайад Ал-Наҳайан 25 май бо сафари якрӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре як манбаъ аз Ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия плюс» иттилоъ додааст, мансабдори воломақоми ин кишварро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад. Бино ба иттилои манбаъ, дар барномаи сафар ҳамчунин дидору гуфтушуниди ӯ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ба нақша гирифта шудааст. Қобили зикр аст, ки Абдулло ибн Зайад Ал-Наҳайан пас аз анҷоми сафараш ба Ӯзбекистон аз Тошканд ба Душанбе меояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *