Муҳоҷири тоҷик аз 9 ум ошёна афтоду зинда монд

Як муҳоҷири тоҷики 20-сола дар вилояти Свердловски Русия аз боми бинои 9-ошёна афтода, хушбахтона, зинда мондааст. Табибон мегӯянд, ки устухонҳои миён, шонаву кафи пои чап ва ҷоғи Амирҷон Ҷамилов шикаста, мағзи сараш ҷунбидааст ва ӯ дар ҳоли мадҳушӣ қарор дорад.

Амирҷон Ҷамилов, як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон, ки дар як сохтмон дар шаҳри Каменск-Уралски вилояти Свердловски Русия шоми 23 май ҳангоми анҷоми корҳои сохтмонӣ аз боми як бинои 9-қабата ба замин сарозер шудааст.

Валерий Горелих, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Свердловск ба нашрияи маҳаллии «Знак” гуфт, ҳодиса соати 19:50 дар бинои рақами 32 дар кӯчаи Кутузови шаҳри Каменск-Уралск рух дода, Амирҷон Ҷамилов, хушбахтона зинда мондааст ва ӯро билофосила ба шӯъбаи реаниматсионии бемористони рақами ду интиқол додаанд. Сухангӯи пулис гуфт,»табибон ҳоло ба ин ҷавони тоҷик ёрии лозими тиббиро расонда истодаанд.”

Табибон мегӯянд, ин ҷавони тоҷик иқболи хеле баланд доштааст, ки баъди афтидан аз баландии бисту чанд метр зинда мондааст. Табибон мегӯянд, Амирҷон Ҷамилов ҳанӯз дар ҳолати мадҳушӣ қарор дорад.

Валерий Горелих, сухангӯи пулиси Свердловск гуфт, дар ҳоли ҳозир санҷиши ин ҳодиса идома дорад: «Ҳоло бояд маълум кунанд, ки ин ҷавон барои кадом ширкати сохтмонӣ кор мекард, кӣ дар ин ширкат масъули чораҳои бехатарӣ дар ҷои кор буд ва оё ба коргарон меъёрҳои бехатариро фаҳмондаанд ё на? Бар асоси натиҷаҳои ин санҷиш дар мавриди кушодани парванда дар робита ба ин ҳодиса тасмим гирифта хоҳад шуд.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *