Вазири маориф ва илм дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Айнӣ

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафар ба вилояти Суғд ҷиҳати иштирок дар машварати августии омӯзгорони вилоят бо вазъи омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва 53-и ноҳияи Айнӣ ба соли нави хониш шинос гардидааст.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм, нахуст зимни боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ба номи Олим Нозимови шаҳраки Сарвода маълум гардидааст, ки муассиса дуошёна буда, дар ошёнаи якуми он аз ҳисоби комбинати маъдантозакунии куҳии Анзоб таъмир рафта истодааст.

Директори муассисаи таълимӣ Ҷумаева Муборак иттилоъ додааст, ки муассиса барои 640 хонанда сохта шуда, айни ҳол дар он 454 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 31 нафар омӯзгор дарс мегӯянд.

Раҳим Саидзода зимни боздид аз муассисаи мазкур ба рафт ва сифати корҳои таъмирӣ диққати махсус дода, қайд намудааст, ки бояд бо омодагии ҷиддӣ соли нави хонишро оғоз кард. Дар идома маълум гардидааст, ки муассисаи мазкур то ҳол барои давраи тирамоҳу зимистонгузаронии соли таҳсили 2023-2024 омода набуда, ангишт дастрас накардааст. Вобаста ба ин масъала ба директори муассиса ва шахсони масъул супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Сипас вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и деҳаи Пете дидан кардааст. Маълум гардидааст, ки муассиса дорои 9 синфхона буда, дар он 120 нафар хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 10 нафар омӯзгор дар ду баст дарс мегӯянд.

— Дар ин муассисаи таълимӣ низ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронии соли таҳсили 2023-2024 дар сатҳи зарурӣ омодагӣ гирифта нашуда, то ҳол муассиса бо ангишт таъмин нагардидааст. Муассиса ба оғози соли нави хониш низ дар сатҳи зарурӣ омода нагардидааст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *