Вазири мудофиа: Аслиҳаи низомии аз даврони шӯравӣ боқимонда фурӯхта шавад!

Қазоқистон тасмим дорад, аслиҳаи низомии аз даврони шӯравӣ боқимондаро ба хориҷ фурӯшад. Дар ин бора дар порлумони ин кишвар вазири мудофиа ва саноати ҳавоии Қазоқистон Бейбут Атамқулов хабар дод.

Ба гуфтаи вазир, дар Қазоқистон ҳанӯз ҳам аслиҳаи қадимии даврони шӯравӣ дар анборҳои қисмҳои низомӣ хоб аст. Вазир пешниҳод дорад, ки ин аслиҳа таъмир ва ба хориҷ фурӯхта шавад. Аммо он техникае, ки таъмирпазир нестанд, бояд ба оҳанпора супорида шаванд, гуфт вазир.

Ба ҷуз ин, вазир пешниҳод дорад, ки дар сатҳи қонунгузорӣ ҷузъиёти фурӯши аслиҳаи қадимӣ шарҳ дода шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *