Толеъномаи 2 феврали 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дилёбӣ ва хушмуомилагиатон боис мегардад, ки ба осонӣ ба дили ҳама роҳ ёбед. Барои омӯзиши навгониҳо рӯзи мувофиқ аст. Сафари берун аз шаҳр бобарор хоҳад буд. Бештар ҳаракат кунед ба саломатиатон хуб аст. Хамроҳ бо аҳли оила ба дидани пайвандони равед, хушҳол мешаванд.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Аз ҳар касе, ки кумаки моди ё маънави хоҳед имрӯз ба шумо не намегӯяд. Эҳтимол ба касе имрӯз ошиқ шавед, вале ин дер давом нахоҳад кард. Вақти он расидааст, ки ба назди духтури дандон равед, зеро ҳолати дандонҳоятон ногувор аст. Агар ба наздикон аз мушкилоти кори сухан кунед дастгир ва мадагори шумо хоҳанд шуд.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Наметавонед бо роҳбарият ва ҳамкорон дар ягон масала забон ёбед. Лоиҳаи муҳиме бо айби шумо баста мешавад. Бегоҳ хабри хуш мешунавед. Шояд бо модари танҳову зебое шиносои пайдо кунед. Бо наздикон хушмуомила бошед ва ба рафтори хеш бо чашми онҳо нигаред, камбудиҳоятонро дарк хохед кард. Аз меҳнати зиёди ҷисмони имруз худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Нимаи аввали рӯз табъатон болида хохад буд. Ба эҳсосот дода нашавед. Эҳтимол шахсе, ки ба ӯ бовари доред аз раҳмдилиатон суистифода мекунад. Агар хоҳед, ки зуком бар организматон ғолиб наояд сирпиёз истеъмол намоед. Аз буяи бади он нандешед, зеро саломати муҳимтар аст. Ба хониши фарзандони худ бештар аҳамият.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Рӯзи хубу оромест. Онҳое, ки ба соҳибкори машғуланд эҳтимоли даромади калон ба даст оварданро доранд. Барои хариди калон кардан фурсати мувофиқ аст. Вазъи саломатиатон хело хуб аст. Имрӯз бояд хулосабарори намоед, ки минбаъд низ нозу нузи ҳамсаратонро мебардоред ё ин, ки аз вай чудо мешавед. Аз роҳнамоии бузургони оила истифода намоед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Барои даст задан ба корҳои бузург ва амали намудани нақшаҳои муҳим рӯзи хубест. Баҳри мубориза бо бемории ирси аз усулҳои нави табобат истифода набаред, беҳтараш бештар хоб кунеду дам гиред. Фикри даровардани тағйироти кулли дар оиларо аз сар дур кунед. Охир шумо дӯст медоред ва шуморо низ дӯст медоранду ҳурмат мекунанд боз чи мехоҳед?

.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Эҳтимол шуморо махсус ба роҳи нодуруст равона кардаанд. Коре, ки дар ҳолати ғазаб анҷом медиҳед пушаймони меорад. Ба маслиҳати ақрабои калонсол гӯш диҳед. Агар вохурӯии кори доред либоси классики ба бар намоед.Сардарди шадиде,ки шуморо азият медиҳад на бо дору, балки бо гардиш дар ҳавои тоза ва машғул шудан ба варзиши сабук табобат мешавад. Худхоҳии шумо боиси озори ҳамсаратон гаштааст.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Аз уҳдаи ҳама кор ба осони мебароед ва рақибон хоҳанд ҳам ба шумо расида наметавонанд. Аз кори зиёд бо компютер ва хондани китоб дар рӯшноии заиф худдори намоед, то чашмонатон осеб набинанд. Бегоҳирӯзи  бо ҳамсар ва фарзандонатон нишинед онҳо ба муҳаббати шумо ниёз доранд. Барои хариди либос ё ҷиҳози нави хона рӯзи хуб нест.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Рӯз бо мушкилоти комуналӣ оғоз мешавад, вале шумо онро зуд ҳал хоҳед кард. Фаромӯш насозед, ки ҳар кас бояд табиби хеш бошад, яъне ба саломатиатон бештар аҳамият диҳед. Ба варзиш машғул шавед аз хӯрдани хӯрокҳои бирёниву  серравған худдорӣ намоед. Барои хушҳол намудани аҳли ханаводаатон ягон чора андешед, зеро дурушти ва бадрафтории шумо аз ҳад гузаштааст.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз пур аз вохӯриҳои аҷиб ва суҳбатҳои хуш хоҳад буд. Ба шумо маслиҳати муфид ё пешниҳоди хубе медиҳанд. Дар кӯча бо эҳтиётона роҳ равед, эҳтимоли лағжида афтодан ва дасту пой шикастанатон мавҷуд аст. Барои барқарории ороми дар оила бояд аз худ гузар кунед ва манфиати пайвандонро аз манфиатҳои хеш боло гузоред.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Каме рӯзи мушкил аст. Системаи асабатон дар ҳолати хароб қарор дошта наметавонед аз уҳдаи ҳалли ягон мушкилот мустақилона бароед. Гӯш кардани мусиқии ором, бозӣ бо ҳайвоноти хонагӣ, шиновари баҳри пешгирии фишори баланд кори хубе хоҳад буд. Пеш аз оғози ҳар коре ё ҳатто хариди чизе фикри ҳамсаратонро низ ба инобат гиред хуб мешавад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Каме нофаҳми байни шумо ва дӯстатон ё яке аз аъзои оилаатон ба миён меояд, вале кор то ба ҷанҷол намерасад. Барои тағйир додани имедж рӯзи мувофиқ аст. Рӯз дар мизи корӣ ва бегоҳ дар назди телевизор нишастан бас аст, ба лижарони бароед, бо кӯдаконатон барфбозӣ кунед ҳаёт бояд якрангу дилгиркунанда набошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *