Вазири мудофиаи Қирғизистон ба Тоҷикистон омад

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкории низомиро баррасӣ кардаанд.

Мулоқот рӯзи 6-уми декабр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд гузашт.

Дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Қирғизистон гуфт, Бактибек Бекболотов дар доираи як сафари корӣ ба Тоҷикистон омада ва бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо вохӯрӣ анҷом додааст.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба масъалаҳои мубрами имрӯза ва ҳамкории дуҷонибаи ҳарбӣ табодули афкор кардаанд.

Аммо Вазорати мудофиаи Тоҷикистон то ҳол дар ин бора хабаре надодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *