Вазири мудофиаи Эрон ба Тоҷикистон меояд
Имрӯз, 17 октябр вазири мудофиаи Эрон Муҳаммадризо Оштиёнӣ бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад.
Бино ба хабаргузории нимарасмии эронии “Tasnim”, генерал Оштиёнӣ рӯзи сешанбе дар ҳайати як ҳайъати баландпоя вориди Душанбе шуда, бо бо роҳбарони мақомоти дахлдори Тоҷикистон масоили ҳамкорӣ, мудофиа ва амниятиро баррасӣ хоҳад кард.
Дар ҷараёни ин сафар имзои қарордодҳо байни Тоҷикистону Эрон низ пешбинӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ