Кам не, зам шуд. Афзоиши бақияи қарзи андоз дар Хатлон

Феълан дар вилояти Хатлон бақияи қарзи андоз беш аз 170 миллион сомонӣ аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин қарз дар аввали сол каме бештар аз 168 миллион сомонӣ буд.

Аз Раёсати андоз дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки мутаассифона, дар нуҳ моҳи соли 2023 бақияи қарзи андоз 3 миллиону 768 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

Дар аввали сол қарз дар маҷмӯъ 168 миллиону 211 ҳазор сомонӣ буд. Вале бо гузашти нуҳ моҳ он ба 171 миллиону 998 ҳазор сомонӣ боло рафт.

Дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Данғара ва Темурмалик бақияи қарзи андоз ба ҷойи кам шудан зиёд шудааст.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *