Ҷудокори тоҷик дар «Abu Dhabi Grand Slam-2023» иштирок мекунанд

Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Меҳрзод Суфиев (ҳар ду дар вазни то 60 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) , Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Эмомризо Анварзода (-100 кг) Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam-2023» муаррифӣ менамоянд.

Аз 24-ум то 26-уми октябри соли равон дар шаҳри Абу- Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб мусобиқаи навбатии байналмилалӣ оид ба ҷудо дар доираи сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мегардад. Дар он иштироки 453 варзишгар аз 80 кишвари олам дар назар аст.

Фонди ҷоизаҳои мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam-2023» 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Дар сабқатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, ба барандагони медали нуқра 3000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 1500 евро тақдим мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *