Ҳуҷҷатро  деҳ гуфт, надодам… Боздошти ронандаи ҳамлагар ба корманди БДА

Ронандае, ки ба як корманди БДА дар ноҳияи Мастчоҳ  ҳамла карду ӯро зада фирор кард, боздошт шудааст. Ҳодиса рӯзи 13-уми октябр, дар яке аз минтақаҳои ноҳияи Мастчоҳ рух дод.  

Дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар як гузориши телевизионӣ гуфт, ҳодиса замоне рух дод, ки Соҳиб Давлатзода нақлиёташро дар самти муқобил гузошт ва бо талаби нозири роҳ ҳуҷҷатҳояшро пешниҳод накард.

Баъдан, Соҳиб Давлатзода нақлиётро ба ҳаракат дароварда, ба Фаррухҷон Ҳамзазода, сержанти милиса “ҷароҳати ҷисмонӣ расонда ҷойи ҳодисаро тарк мекунад.” Атрофиён корманди БДА-ро ба беморхона бурданд ва ба гуфтаи мақомот аҳволаш хуб аст.

Гуфта мешавад, ки Соҳиб Давлатзода, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар навори пахшкардаи мақомот ва дар ҳузури кормандони милитсия гуфт, “ҳуҷҷатро деҳ гуфт, надодам, дарро қапид, мошинро рондам, намедонам чӣ қадар рафтам, афтид, тарсида гурехтам.”

Дар видеои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дида мешавад, ки рақами қайди давлатии мошини Соҳиб Давлатзодаи 34 -сола рақами Русия аст.

Мақомот гуфтанд, ронандаро ба ҳабс гирифта, ҳоло барои оғози парвандаи ҷиноӣ «чораҳо андешида шуда истодааст».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *