Вазири пешин 10 сол зиндонӣ шуд
Вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистон Куандик Бишимбоев бо айби фасодкорӣ 10 сол зиндонӣ шуд.
Ҳамчунин бо қарори додгоҳ, Бишимбоев аз ишғоли вазифаҳои давлатӣ якумрӣ маҳрум гардид ва амволаш мусодира шуд.
Айбдоркунандаи давлатӣ барои Бишимбоев 12 соли зиндон талаб карда буд.
Бишимбоеви 38-сола моҳи январи соли 2017 боздошт шуд. Вай моҳи октябр дар додгоҳ гуфт, айбҳои эълоншударо эътироф намекунад, вале баъдтар аз президент Нурсултон Назарбоев авф талаб кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ