Вазири тандурустӣ: Ман короновирус нашудаам
Ман аз короновирус сироят наёфтаам, сабабаш он аст, ки чораҳои беҳдоштиро риоя мекардам
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода зимни гуфтугӯйи мустақими телефонӣ бо хонандагони “Тоҷикистон” гуфт, ки аз бемории ҳамагири короновирус сироят наёфтааст.
“Ман аз короновирус сироят наёфтаам, сабабаш он аст, ки чораҳои беҳдоштиро риоя мекардам”-гуфт номбурда.
Ёдовар мешавем, ки мувофиқи омори расмӣ аз бемории ҳамагири COVID-19 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 90 нафар фавтидааст, аммо аксарият ба ин омор эътимод надоранд. Дар мубориза бо короновирус чанд нафар табибон низ аз олам гузаштанд.
Имрӯз аз соати 10 то 12 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода зимни гуфтугӯйи мустақими телефонӣ ба саволи хонандагони “Тоҷикистон” посух хоҳад гуфт. Посухҳои вазир ба таври муфассал дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи pressa.tj нашр хоҳад шуд. Видеои гуфтугӯ дар ютюбканали pressa.tj дастрас хоҳад буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ