Журналист Далер Шарифов аз зиндон озод шуд

Журналист Далер Шарифов пас як соли зиндонӣ шудан субҳи 29-уми январ аз маҳбас озод шуд. Ба иттилоъи ҳамкасбон ӯ феълан дар шаҳри Ваҳдат, дар манзили зисташ қарор дорад ва вазъи саломативу ҳолати равониаш хуб аст.
Ин журналисти 33-солаи тоҷик санаи 28-уми январи соли 2020 боздошт шуд ва Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ӯро бо иттиҳоми «барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ» як сол равонаи зиндон кард.
Ҳукми Далер Шарифов сарусадои зиёдеро дар расонаҳо ба вуҷуд овард, вале бо вуҷуди ин додгоҳ ҳукмашро тағйир надод.
Суди олии Тоҷикистон дар нишсти матбуотии соли 2020 гуфт, ки Далер аз соли 2013 то соли 2019 200 матлабу мақолае нашр кардааст, ки дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ ҳастанд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *