Вазирро ба Корвон роҳ надоданд, сабаби сӯхтор чист?

Шаби гузашта,  тахминан соатҳои 9, вақте овози мошинҳои сӯзторхомӯшкунӣ баланд гашту атрофро дуди ғализи сиёҳ фаро гирифт, ман низ дар қатори ҳамсояҳо худро ба макони ҳодиса, яъне ба дарвозаи 7- уми бозори Корвон расонидам.  Он замон фавҷи оташ аллакай аз дарвозаи 8 ва 7 гузашта, ба тарафи дарвозаи 6 равона шуда буд. Ҳарчанд мошинҳои зиёди оташхомӯшкунӣ ҷамъ омада буданд,  лекин хомӯш кардани ин ҳама аланга ба онҳо ба осонӣ муясар нагашт.

 Роҳҳои мошингардро аз тарафи маҳалли сӯхтор банд карда, буданд ва садҳо нафар одамон ҷамъ омада буданд. Баъзеҳо аз рӯйи кунҷкобӣ ва соҳибони мағозаҳо ба хотири  бору маҳсулоти хеш,ки дар ин бозор савдо мекарданд, дар ин ҷо гирдиҳам омада буданд. Ин ҷамъомади мардум низ то андозае ба кори оташхомӯшкунон халал мерасонид.

Дар ин бесару сомонӣ баъзе аз фӯрӯшандаҳо дар талоши наҷот додани маҳсулоти хеш, халата халата  борҳояшонро аз мағозаҳои наздик ба атрофии сӯхтор берун мекашиданд. Намояндаҳои ҳифзи ҳуқуқ низ дар онҷо буданд ва кӯшиш мекарданд издиҳомро аз маҳалли сӯхтор дур нигоҳ доранд.

Чун дар  ин ҳама бенизомӣ чизеро муайян кардан мушкил буд, субҳи барвақт бо мақсади муайян намудани сабаби сӯхтор боз ба Корвон роҳ пеш гирифтам. Ин субҳ роҳҳо аз ҳарду тараф баста буд, вале одамон аз дишаба  камтар набуданд Намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва боз нафарони  дигар, ки дар тан либоси мулкӣ  доштанд, роҳро аз тарафи дарвозаҳои сӯхтаги баста буданд. Чун ба назди чанде аз онҳо рафта сабаби сӯхторро пурсидам гуфтанд :

-Мо чизе гуфта наметавонем,  мақсад аз омадани мо- ин нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ.

 Ҳатто яке аз онҳо ки дар тан либоси мулкӣ дошт, аз дур хитоб кард: — —Ин журналистай?  Рав аз инҷо, кората кун!

 Ман, ки корам маҳз ҳамин буд, ба роҳам идома додам аз назди онҳо дур шуда, ба издиҳом пайвастам ва ба  чанд зану марде,ки дарназди дарвозаи 7 ҷамъ омада буданду аз чеҳраи андӯҳгинашон маълум буд,ки зарардидагони ҳодиса ҳастан, наздикатр омадам.

Марде зиёд кӯшиш мекард, ба дохили равад аммо ба вай иҷозаи ин корро намедоданд. Ӯ дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки Вазир ном дорад ва  дар дарвозаи 7 нуқтаи савдо доштааст, пойафзол мефурӯхтаааст. Ҳоло ҳаммаи бораш ба пуррагӣ сӯхта хокистар гаштааст.

— Шаб омадем, имкони баровардани бор аз коми оташ набуд. То ҳол намегузоранд дохил равам ва ҳатто сабаби сӯхторро шарҳ намедиҳанд.

 —Маҳваш ном ҳамсӯҳбати дигари мон низ гуфт,ки шаб омадам лекин хело дер шуда буд. Чун аллакай авҷи сӯхтор  буд, мо наметавонистем борамонро ба берун кашонем. Бовар кун, қариб ҳамаамон аз банк қарз гирифта барои  савдо бор овардаем. Ин сӯхтор хонаи моро ҳам сӯхт. Намедонем ки ба доди мо мерасида бошад. Ман дер кардам,- мегӯяд ӯ, — Қариб 300 нафар савдогаронро ба ҳукумати шаҳр  бурдаанд, ба маҷлиси раиси шаҳр, ҳамонҳоро интизорем. Кани натиҷаи маҷлис чӣ мешавад.

 Мо бо чанд шоҳиди воҷеъа низ ҳамсӯҳбат гаштем:

Насиба: Ман худам дар дарвозаи 2 –юм савдо мекунам, ин ҷо бошад, дар дарвозаи 7 –ум аз тарафт рост апаам мол мефурӯшад. Дина шаб ба маблағи 20 ҳаз доллар мол овардаги буд, чун хабари сӯхторро шунидаем, зуд омадем ҳамаи борро  берун баровардем, то ки оташ ба ин тараф ҳам наояду насӯзад. “Моргазида аз ресмони ало метарсад” мегуянд.  Мо дар сӯхторе,ки чанд сол қабл рухдода буд, зарари калон дидем . Як рӯз пеш аз сӯхтор 400 ҳазор доллара бор оварда будем дар як шаб сӯхта хокистар шуд. Он сол дуздӣ бисёр шуд, имсол ҳам агар намояндагони ҳифзи ҳуқуқ намебуданд, дуздии зиёд мешуд.

Салмон Зайниддинов, ҳамсӯҳбати дигари  мо мегӯяд : Ман дар қарибиҳо зиндагӣ мекунам аз соати 9 боз дар ҳаминҷоям. Қариб 30 то мошини оташхомӯшкунӣ омада буд, шаб зиёда аз 5 то мошини ёрии таъҷилӣ ва духтурони «Истиқлол» ба мардум хизмат мерасониданд. Бовар кунед ,худам аз банк қарз карда бор гирифтагиам, вакте шаб занг зада гуфтанд, ки Корвон сӯхт, аз ҷоям нахеста дар пеши назарам сурати намояндаи банк омад. Вақте омадам, дидам, аз тарафи мо неву тарафи дигар дарвозаи 7  сухта истодааст. Агар баръакси он мебуд, эҳтимол маро инз ба мисли бисёре аз зарардидагон бо сактаи дил ба беморхона интиқол медоданд. Дар он тараф як хешбачаам савдо мекунад, куртаҳои мардонаи туркӣ мефурӯшад. Шаб борашро баровардем, ин субҳ ҳисобу китоб кардем,ки 15 ҳазор зарар дидааст. Яъне борро дар вақти кашонданд дуздидаанд. Бояд гуфт,ки кормандони амният хело хуб корашонро анҷом доданд, агар онҳо фаъолият нишон намедоданд, бовар кунед аз борҳои дар оташ сӯхтаги дида зиёдтар дуздҳо медуздиданд.

 То омадани Кормандони амният  мо соҳибкорон дасти ба даст гирифта, дарвозаҳоро аз бегонагон муҳофизат кардем, сипас онҳо омаданду ҳамаро ба дасти худ гирифтанд. Ман худам шоҳиди он гаштам,ки дуздони чолок кулфи дари дӯкони мардумро канда истода буданд, бехабар аз он,ки яке аз мардони дар наздикиашон буда сохиби дӯкон аст. Вақте соҳиби дӯкон наздик шуда пурсид, ки ин азони кист ва ту чи кор кардаистодаӣ, чавоб дод, ки  азони худам борамро мебарорам. Ва дар ҷавоб аз соҳибмулк мушт хӯрд. Худатон қазоват кунед, агар милисаҳо сари вақт намомаданд, чӣ корҳое  намешуд…

Чуноне, ки  маълум гашт,  дар маҷлис ба зарардидагони бозор ваъда кардаанд,ки ҳуҷраҳои фурӯши онҳоро дар давоми 20 рӯз таъмир карда медиҳад ва илова бар ин, онҳоро барои 2 сол аз супоридани пули иҷора ва чеки бозор озод кардаанд. Вале дар мавриди сабаби сӯхтор ягон намояндагони мақомоти дахлдор маълумот надоданд.

Ниҳоят  бо яке аз қаровулони бозор , ки дарвозаи 8 умро посбонӣ мекунад, ҳамсӯҳбат шудем. Бино ба гуфти ин посбон,  онҳое,ки дар ин шаб дарвозаи 7 уми оташгирифтаро қаравулӣ мекарданд, дар хоб мондаанд.  «Аз марказ ба мо занг зада гуфтанд, ки  бачаҳои ҳафтум ҷавоб надода истодааснд. Аз онҷо дуд баромада истодааст як хабар гиред. Вақте мо рафтем, соат панчто кам 9 буд,  маълум гашт,ки се нафари ин посбоонон аз оташгирӣ  хабардор шуда, гурехтаанд ва якнафари  мондааш ба ҷойи он,ки кӯшиш кунад сӯхторро сари вақт хомӯш кунад, ҳатто дарро накушода, мунтазири оташнишонон нишастааст. Шояд агар онҳо чунин бемасъулитӣ намекарданд, оташ ин қадар калон намешуд ва зарараш камтар мебуд. Мо то субҳ хоб нокарда палатаҳои канда мешудагиро кандем ва он палаткаҳоеро,ки канда намешуд об задем то ин,ки тар шаваду аз оташпораҳои аз алови он тараф тарафи мо низ оташ нагирад. Сари ин масъала сохторҳои масъул кор карда истодаанд ва натиҷаашро ҳатман ба хонандагон мерасонем.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *