Вазорат ҷодугаронро ба милиса  супурд

Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, ки фаъолияти афроде, ки “дасти пир” гирифтаанд ё ба сеҳру ҷоду машғуланд, аз номгӯи фаъолиятҳои вазорат берун карда шуд. 

Ғаффур Муҳсинзода, сардори Хадамоти назорати фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 12 июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, давоми ду соли ахир теъдоди табибони халқӣ аз 33 ба 145 нафар расидааст: “Илова бар ин 290 каси дигар ҳаст, ки аз кормандони тиб ба соҳаи тибби халқӣ гузашта, фаъолият мекунанд”.
Ҷаноби Муҳсинзода афзуд, тибқи таҳлилҳо дар қаламрави Тоҷикистон бештар аз 1000 нафар ғайриқонунӣ ҳамчун табиби халқӣ фаъолият мекардаанд: “Мо рӯйхати афродеро, ки иҷозатномаи вазоратро надоранду ба фолбиниву ҷодугарӣ машғуланд, гирифта, ба Вазорати умури дохилӣ пешниҳод намудем”.
Ба таъкиди ӯ, табибоне, ки дорои иҷозатномаи Вазорати тандурустиянд, ба сеҳру ҷодугарӣ машғул намешаванд, “зеро мо аз онҳо аллакай баёнот гирифтаем. Илова бар ин ашхосе, ки дипломи соҳаи тибро доранд, зарурат барои гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти табиби халқӣ надоранд”.
Давлатмурод Олимов, муовини сардори Хадамоти назорати фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар идомаи ин мавзӯъ гуфт, айни ҳол кормандони Вазорати умури дохилӣ нисбати афроде, ки худро табиби халқӣ эълон мекунанд, санҷишҳо анҷом дода, фаъолияти онҳоро боз медорад: “Мардум онҳоро табиби халқӣ меноманд. Аксари онҳо худашонро таблиғ карда, ном баровардаанд”.
Дар ҳамин ҳол, Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи гузашта изҳор дошт, ба табибони халқӣ ва ҳамчунин сеҳру ҷоду бовар надорад.
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон афроде ки ба сеҳру ҷоду машғул мешаванд, ҷарима хоҳанд шуд. Дар чанд соли ахир Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти даҳҳо нафаре хабар дод, ки худро табиби мардумӣ муаррифӣ карда ба “сеҳру ҷоду” машғул будаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *