Фирўза Кенҷаево – Тоҷикистон

Нигоҳи оташин

Дар нигоҳи оташинат марҳами ҷони ман аст,

Ҳар навои дилнишинат бахти хандони ман аст.

Дарди ман дармон надорад з-ашки ногўёи ту,

Лутфи гуфтори маҳинат суру дармони ман аст.

Ҳар саҳар пажмони роҳат беқарорам сўйи дар,

Дидани рўйи чу моҳат аҳду паймони ман аст.

Ҳар гаҳе ёдат кунам, ин дил ба ҷўш ояд маро,

Ин ҳама ёду хаёлат дар сари хони ман аст.

Булбул аз ишқи гуле нолон шуда андар чаман,

Нолаҳоям худ наво андар гулистони ман аст.

Ашк резам шашқатор имрўз аз ин рўди чашм,

Чун кунам, носозиҳо дар қасди сомони ман аст.

Хон ту, эй Фирўзабону, шеър бо сўзу гудоз,

К-ин ҳама як такбулурӣ з-ишқи пинҳони ман аст.

***

Танҳо

Ман, ки аз дарди ҷудоӣ бе пару болам ҳанўз,

Аз фироқи дўстони хеш беҳолам ҳанўз.

Гарчӣ нокомию ҳиҷрон садди роҳам гаштаанд,

Дар талоши мавҷҳои рўди иқболам ҳанўз.

Дар чаман танҳояму дар интизори рўйи дўст,

Булбули шўридаам бо ёди ў нолам ҳанўз.

Ман зи пайвандони худ охир чаро дурӣ кунам,

Дар садоқат баҳри меҳан Рустами Золам ҳанўз.

Ганҷи бодоварда бошад ин суруди зиндагӣ,

Аз нигоҳи дилшикори ёр меболам ҳанўз.

Кош, эй Фирўзабону, дўст ояд сўи ту,

К-аз висоли ёри ҷонӣ ман ҳаменозам ҳанўз.

فیروزه کنجایوا- تاجیکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *