Вазорати адлия: Агар дар бораи порахӯр маълумот диҳӣ, 500 доллар мукофот мегирӣ

Ҳукумат бо фармони худ низомномаеро дар бораи тартиби ҳавасмандгардонии шахсоне, ки дар бораи ҷиноятҳои коррупсионӣ хабар додаанд ё дар мубориза бо коррупсия ба тариқи дигар саҳм гузоштаанд, тасдиқ кард.

Хадамоти матбуоти Вазорати адлия маълум кардааст,ки мақомоти Узбекистон ба шахсони алоҳида барои маълумот дар бораи ҳолатҳои коррупсия мукофотпулӣ пардохт мекунанд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳукумат бо фармони худ низомномаеро дар бораи тартиби ҳавасмандгардонии шахсоне, ки дар бораи ҷиноятҳои коррупсионӣ хабар додаанд ё дар мубориза бо коррупсия ба тариқи дигар саҳм гузоштаанд, тасдиқ кард.
«Афроде, ки дар бораи ҷиноятҳои коррупсионӣ гузориш додаанд ё дар мубориза бо коррупсия ба тариқи дигар саҳм гузоштаанд, метавонанд бо мукофоти яквақтаи пулӣ дар ҳаҷми аз 3 то 25 арзиши ҳисобшудаи асосӣ то 530 доллар мукофотонида шаванд», — гуфта мешавад дар паёми Вазорати адлия.
Агар миқдори ришва ё зарари расонидашуда аз 100 маротиба зиёдтар аз нишондиҳандаи музди меҳнати ҳадди аққал бошад (аз 2,5 ҳазор доллар), пас мукофот дар ҳаҷми 10-15% аз арзиши ришва ё амволи тасарруфшуда пардохт карда мешавад, шарҳ додааст, хадамоти матбуот.
Тибқи иттилои Прокуратураи генералии Ӯзбекистон, дар ду соли охир дар кишвар 986 мансабдор барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, зарари ин гуна ҷиноятҳо 2 триллион сӯм (тақрибан 200 миллион доллар) -ро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *