Вазорати маориф ба ҳар тарбиягиранда 1643 сомони сарф мекунад
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон харҷи миёнаи як тарбиятгиранда барои соли 2018-ро 1675 сомонӣ ба нақша гирифтааст.
Икром Донахонов, сардори Раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми ин ниҳод 25 май дар маҳфили иқтисодии “Тавозун” дар шаҳри Душанбе гуфт, соли равон ба сари ҳар тарбиягиранда 1643 сомонӣ рост меояд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир теъдоди тарбиятгирандаҳо дар ҷумҳурӣ ба 91001 нафар мерасад ва бар асоси ҳисобҳои пешакӣ соли оянда ин рақам 93731 нафарро ташкил хоҳад дод.
Икромов музди миёнаи омӯзгоронро дар Тоҷикистон 743 сомонӣ гуфт ва таъкид намуд он давра ба давра боло меравад. Вай афзуд, ҳоло норасоии кадрӣ қариб ки аз байн рафта ва таваҷҷуҳ сари тахассуси омӯзгорон равона шудааст: “Агар омӯзгор маълумоти олӣ, категорияи олӣ дошта бошад ва бо 1,5 воҳиди корӣ кор кунад, маошаш ба 1600 сомонӣ мерасад”.
Ба иттилои манбаъ, маблағгузорӣ дар соҳаи маориф танҳо дар соли 2017 бештар аз 3 миллиард долларо ташкил медиҳад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ