Шабнам дар Маскав моҷаро барангехт

Тавре,ки “Ахбор” хабар медиҳад, консерти овозхони шинохта Шабнами Сурайё дар тарабхонаи «Белое золото” дар шаҳри Маскав 5 соат дертар аз вақти эълоншуда оғоз ёфтааст.

Шабнам ба ҷои соати ёздаҳи шаб танҳо соати чори субҳ ба саҳна баромадааст. Консерти Шабнами Сурайё дар тарабхонаи «Белое золото”-и шаҳри Маскав ба моҷаро печидааст. Овозхони шинохта, ки мебоист соати ёздаҳи шаби 24 май консерташро оғоз мекард, танҳо соати чори субҳ ба саҳна баромадааст.Хабарнигори хабаргузории русии «Спутник” навиштааст, тоқати як қисми мухлисон аз чунин таъхири Шабнами Сурайё тоқ шуд ва онҳо ҳанӯз то оғози консерт тарки тарабхона карданд. Аммо як қисми дигар ба хотири дидани овозхони дӯстдоштаи худ ва ҳам барои онки барои билети ин консерт пули калон – то 3 000 рубл дода буданд – то охир мунтазир нишастаанд.Хабарнигори «Спутник” мегӯяд, ровии консерт Аслишо Акимбеков бо шӯхиву лутфгӯиҳо ва ҳамин тавр, хонандаи рэп Далер ва раққосон талош кардаанд, ки фосилаи бавуҷудомадаро пур ва табъи хирашудаи аҳли толорро болида гардонанд, вале мардум норозӣ ба назар мерасид.Хабарнигори «Спутник” табъи аҳли толорро чунин тасвир кардааст: «Мардуми мо бисёр бо сабру таҳаммул аст, фикр кардам ман. Агар масалан, ҳунарпешае дар Ҳиндустон ё дар дигар кишвар ба тамошобинон беэҳтиромӣ мекард, тамошобинон аз толору тарабхона то муҷрии барнома ҳамаро мешикастанду сангсор мекарданд, вале тоҷикон сабри Аюб доранд.”Аммо Фарҳод Зикиров, продюсер ва оҳангсози шинохтаи тоҷик, ки Шабнами Сурайёро дар ин сафараш ба Маскав ҳамроҳӣ мекард, хабари «Спутник”-ро дур аз воқеият номида, дар Фейсбук навиштааст, ки Шабнами Сурайё ва гурӯҳаш алакай соати ёздаҳи шаб барои оғози консерт омода буданд, вале тақсир аз ҷониби ташкилкунандагони ин консерт буд, ки ба ваъдаҳои худ амал накарданд.Фарҳод Зикиров дар бораи ин ваъдахилофиҳо ҷузъиёт надодааст, вале «Спутник” навишт, ки баҳс зоҳиран бар сари пули ин консерт мерафт, ки ташкилкунандагон сари вақт ба Шабнами Сурайё пардохт накардаанд.Дар ҳар сурат, ҷабри ин баҳси байни ин ду тарафро дар ниҳояти амр мухлисоне, ки барои тамошои ҳунарнамоии ин ситораи эстрадаи тоҷик дар «Белое золото” ҷамъ шуда буданд, кашиданд.Баъди ҳунарнамоияш дар консерти муштараки бахшида ба Рӯзи ҷавонон, ки шоми 23 майй дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир шуд, консерт дар «Белое золото” нахустин ҳунарнамоии комили худи Шабнами Сурайё баъди даргузашти бародари хурдиаш Эмомалиҷони Хуршед буд. Эмомалиҷони 16-сола рӯзи 16 апрел дар синни 16 аз бемории саратони хун даргузашт.Намояндаи овозхони тоҷик Шабнами Сурайё қаблан дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” тасдиқ кард, ки ин овозхони шинохта рӯзи 24 май дар шаҳри Маскав консерт хоҳад дод. Намояндаи Шабнами Сурайё дар сӯҳбат бо «Ахбор” гуфт: «Баъди фоҷиае, ки ба сари хонаводаи Шабнами Сурайё дар моҳи апрел омад, мо тамоми чорабиниҳоеро, ки ӯ дар Тоҷикистон бояд иштирок мекард, бекор кардем. Вале ҳунарнамоиҳои ӯро дар хориҷ ширкатҳои олмонӣ танзим мекунанд ва азбаски қарордод баста шуда буд, коре карда натавонистем. Фақат рӯзашро қафо партофтем, то ки Шабнам чили додарашро дода, баъд ба роҳ барояд.”Шабнами Сурайё соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, аз ибтидои солҳои 2000 ба ҳунарнамоӣ оғоз кард ва хеле зуд ба яке аз ситораҳои раддаи аввали эстрадаи тоҷик табдил ёфт.Чандин таронаи Шабнами Сурайё дар Интернет беш аз 1 миллион тамошобин ба даст овардаанд ва ӯ аз нигоҳи шумори тарафдоронаш дар Ютуб аз байни хонандагони тоҷик дар ҷои аввал аст. Таронаи «Ҳанӯз аввали ишқ аст» дар иҷрои Шабнами Сурайёро танҳо дар як саҳифаи Ютуб 10 миллион нафар тамошо кардаанд, ки ин баландтарин дастоварди як тарона дар байни тамоми хонандагони тоҷик шинохта шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *