Вазорати маориф: Дар Тоҷикистон беш аз 200 мактаби русӣ — тоҷикӣ ҳаст, ки кам аст…
Дар Тоҷикистон беш аз 200 мактаби русӣ — тоҷикӣ фаъолият мекунад, вале Вазорати маориф ва илми кишвар ин теъдодро ҳанӯз кам медонад.
«Феълан 60 мактаб пурра русӣ, боқӣ русиву англисӣ, русиву тоҷикӣ, русиву англисиву тоҷикӣ, русиву тоҷикиву ӯзбекӣ ҳастанд»,- гуфт муовини аввали вазири маориф ва илми кишвар Ҷамшед Ҷӯразода.
«Соли гузашта 5 мактаби муштараки Русия ва Тоҷикистон бо ширкати сарони кишварҳо ифтитоҳ шуд, ки феълан беш аз чор ҳазор хонандагон дар онҳо таҳсил мекунанд. Дар ин мактабҳо аз рӯи барномаи таълимии Русия таҳсил мекунанд»,- гуфт номбурда.
Муовини вазир қайд кард, ки норасоии омӯзгорони забони русӣ эҳсос мешавад. Вале дақиқан нагуфт, ки чӣ теъдод омӯзгор намерасад.
Қобили зикр аст, ки аз 1-уми сентябри соли гузашта дар Тоҷикистон боз панҷ мактаби нави русӣ дар манотиқи мухталифи кишвар ба фаъолияти худ оғоз карданд. Ҳукумати Русия барои сохтмон ва муҷаҳҳаз намудани онҳо бо таҷҳизоти лозима ҳудуди 150 миллион доллар ҷудо кардааст.
Ҳамин тариқ, муассисаҳои таълимӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Кӯлоб, Турсунзода ва Хуҷанд дарҳои худро барои мактаббачаҳо боз карданд.
Дар мактабҳои нав омӯзгорони рус таълим хоҳанд дод ва барномаи таълимӣ махсусан барои минтақаи Тоҷикистон мутобиқ карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ