Барои мактабҳои муштараки Тоҷикистону Русия директору муаллим меҷӯянд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои қабули директор ва омӯзгори фанҳои дарсӣ дар мактабҳои муштараки Русияву Тоҷикистон озмун эълон намудааст.

Ин мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ташкил шудаанд ва дар онҳо бо стандарт ва барномаҳои таълимии Русияву Тоҷикистон дарс мегузаранд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар дод.

Манбаъ гуфт, ки дар маҷмуъ, дар ҳар як муассиса 77 омӯзгор қабул шуда, дар ҳар муассиса тибқи фанҳои нақшаи таълим омӯзгорон қабул карда мешаванд.

Аз вазорат иттилоъ доданд, ки маоши ин омӯзгорон аз ҷониби Русия пардохт мешавад.

— Дар ҳамин ҳол, дарсҳо дар асоси стандарт ва барномаҳои таълимии Русия ва Тоҷикистон мегузаранд. Қариб барои ҳамаи фанҳо омӯзгор меҷӯем,- гуфтанд аз Вазорати маориф ва илм.

Дар эълоне, ки барои қабули директорон ва омӯзгорон ба ин мактабҳо нашр шудааст, омадааст, ки довталабон бояд шаҳрвандии Русия ё Тоҷикистонро дошта бошанд ва таърих ва фарҳанги халқҳои ду кишварро донанд.

— Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода пешниҳод намоянд. Қабули ҳуҷҷатҳо то 15-уми апрели соли 2022 давом мекунад,- омадааст дар эълони вазорат.

Ёдовар мешавем, ки созишнома дар бораи ташкил намудани мактабҳои русии муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Тоҷикистон миёни Тоҷикистону Русия охири моҳи ноябри соли гузашта дар доираи сафари кории муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук ба Тоҷикистон миёни ӯ, вазири собиқи маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва муовини якуми вазири маорифи Русия Александр Бугаев ба имзо расида буд.

Хабаргузории русии “ТАСС” аз қавли Алексей Оверчук навишта буд, ки маблағи ҷудошуда барои бунёди ин мактабҳо $150 млн мебошад.

Ба ғайр аз ин, байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар мавриди ҷалби омӯзгорони рус ба мактабҳои Тоҷикистон созишнома ба имзо расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *