Вазорати меҳнат дар куҷо литсей месозад?
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз идомаи сохтмони литсейҳои касбии техникӣ дар ноҳияҳои Қубодиён, Фархор ва Панҷ хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, тибқи лоиҳаи ангоравии сохтмонҳои мазкур литсейҳои номбаршуда дорои бинои таълимӣ барои 200 ҷойи нишаст ва хобгоҳ барои 100 нафар буда, майдончаи варзишӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон низ бунёд карда мешавад.
— Айни замон корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Литсейи касбии техникии ноҳияи Қубодиён аз ҷониби ҶДММ “Фаридун-Д” ва Литсейи касбии техникии ноҳияи Панҷ аз тарафи пудратчӣ ҶДММ “Ғайрат-М” вусъат ёфта, зиёда аз 40 нафар сокинони маҳаллӣ дар сохтмонҳои мазкур бо ҷойи кор таъмин шудаанд,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки ҳамин гуна корҳои сохтмонӣ дар бинои Литсейи касбии техникии ноҳияи Фархор дар сатҳи корҳои заминӣ ва бетонрезии таҳкурсии бинои таълимӣ ҷараён доранд.
— Раванди корҳои сохтмониро МД “Раёсати сохтмони асосӣ ва корҳои таъмирӣ”-и вазорат назорат бурда, барои анҷоми корҳо масолеҳи баландсифати ватанӣ истифода бурда мешавад,- зикр мекунад манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ