Тақдими васоили хоб барои 1000 оилаи паноҳандагону зарардидагони эҳтимолӣ

Дар ҳудуди Раёсати таъминоти моддию техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани хаймаҳо, зарфҳо барои ошхона, зарфҳо барои об, батареяҳои офтобӣ, васоили хоб барои 1000 оилаи паноҳандагони эҳтимолӣ ва ашхосе, ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд, баргузор гардид.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар, дар маросими таҳавил раиси КҲФ генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, роҳбари Дафтари Комиссариёии Олии СММ дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон ҷаноби Мулугета Зевди ва иҷрокунандаи муваққатии вазифаи сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Хасегава Томонори ширкат намудаанд.

Гуфта мешавад, ки ин ҳама таҷҳизот бо кумаки молии Ҳукумати Ҷопон аз тариқи намояндагии Комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон харидорӣ ва таҳвил шудааст.

— Сарвари КҲФ зимни суханронии худ ба шарикони байналмилалӣ барои кумак изҳори сипос намуд ва зикр кард, ки ҳадафи ин барнома расонидани ёрии фаврӣ ба аҳолии ниёзманд ва зарардида аз офатҳои табиӣ мебошад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *