Бинои нави ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ифтитоҳ ёфт

Имрӯз, 1 сентябр бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Сарвари давлат, бинои таълимии навбунёди донишгоҳ аз бинои марказии 10-ошёна бо ду бинои 4-ошёна аз канорҳои чапу рости он иборат буда, барои фаъолияти маъмурият ва таълими донишҷуён пешбинӣ шудааст.

Бино аз 62 синфхонаи таълимии барҳаво бо ғунҷоиши аз 20 то 30 ҷойи нишаст, толори компютерӣ бо 80 ҷойи нишаст, 90 ҳуҷраи корӣ, 26 нуқтаи ёрирасон, 2 толори лексионӣ бо 500 ҷойи нишаст, 2 толори маҷлис бо 50 ҷойи нишаст ва 4 озмоишгоҳи таълимӣ барои омӯзиши нозукиҳои илми тиб иборат мебошад.

Дар бинои маъмурӣ ва таълимии навбунёд толори калони маҷлисӣ бо 1 ҳазору 600 ҷойи нишаст сохта шудааст.

Толори хониши электронӣ  дорои 80 ҷойи нишаст мебошад, ки барои донишҷӯён ҷиҳати аз бар намудани илму дониши муосири тиббӣ мувофиқ мебошад.

Дар ошёнаҳои аз як то сеюм ҳуҷраҳои маъмурӣ, аз ҷумла раёсати рушди кадрӣ, маркази технологияи иттилоотӣ, маркази омӯзиши симулиятсионӣ ва факултетҳо ҷойгир буда, бо мизу курсӣ ва дигар шароити муосири корӣ муҳайё мебошанд.

Дар ошёнаҳои аз 4 то 9-ум 6 кафедра ҷойгир карда шудааст, ки аз синфхонаҳои кушоду барҳаво ва озмоишгоҳи замонавӣ иборат мебошанд.

Кафедраи биохимия, ки дар ошёнаи 4-ум ҷойгир аст, дорои шароити муосири гузаронидани озмоишҳои кимиёвӣ аст, ки он ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо васеъ истифода мегардад.

Инчунин, дар назди муассисаи таълимӣ “Маркази омӯзиши симулятсионӣ” таъсис дода шудааст.Маркази омӯзиши симулятсионӣ дар ошёнаи якуми бинои нав ҷойгир буда, бо муосиртарин дастгоҳҳои омӯзишӣ муҷаҳҳаз аст.

Дастгоҳҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани малакаву маҳорати табибӣ истифода мегардад, ки тариқи онҳо донишҷӯён бо ҳолатҳои табииву таъҷилӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Марказ аз 7 ҳуҷраи махсусгардонидашуда иборат буда, дар он вобаста ба салоҳияти асосии табибон барои расонидани кӯмаки таъҷилии тиббӣ, ҳуҷраҳои муоинаи бемор, реаниматсияи дилу шушҳои калонсолон, наврасон ва навзодон, ҳуҷраи ултрасадо ва ҳуҷраи расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ шароити мусоид фароҳам мебошад.

Инчунин дар марказ автомашинаи ёрии таъҷилӣ насб карда шудааст, ки тариқи он донишҷӯён ҳолати расонидани кӯмаки аввалияи тиббиро меомӯзанд.

Дар баробари ин, дар ошёнаи якуми бино студияи таълимӣ таъсис дода шудааст, ки барои сабти маводҳои таълимии видеоӣ, видеолексияҳо, мустақиман баргузор намудани вохӯрӣ ва ҳамоишҳо тариқи фосилавӣ мусоид аст.

Дар ошёнаи 10-уми иншооти тозабунёди Донишгоҳ осорхона мавҷуд мебошад, ки дар он ёдгориҳои таърихӣ, аксу мусаввараҳо ва дигар маводи вобаста ба таърихи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино нигоҳ дошта мешаванд.

Китобхонаи кушоду барҳавои донишгоҳ дорои зиёда аз 690 ҳазор нусха адабиёти гуногуни илмиву дарсӣ буда, аз ин ганҷинаи бебаҳо донишҷӯён бо самар истифода мебаранд.

Дар ҳудуди Маҷмааи таълимии шаҳраки Шифобахши донишгоҳ бинои 2-ошёнаи ошхонаи замонавӣ бо 600 ҷойи нишаст барои донишҷӯён ва омӯзгорон сохта шуд, ки масоҳати он 3 ҳазору 42 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, каи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 83 сол боз барои муассисаҳои тандурустии мамлакат мутахассис тайёр карда, пойгоҳи асосии таълимӣ, илмию методии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *