Дар Бохтар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил карда шуд

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо шукуҳ таҷлил карда шуд. Дар ин рӯз ба 73  хонандае, ки бори аввал ба муассисаи таълимӣ қадам мондаанд, туҳфаи Қурбон Ҳакимзода — раиси вилояти Хатлон расонида шуд.

Дар Мактаби хусусии инноватсионии шаҳри Бохтар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар сатҳи баланд доир гардид. Қурбон Ҳакимзода — раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ иброз дошт, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи дониш дар саросари ҷумҳурӣ гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хосаи Ҳукумати кишвар ба аҳли илму маориф мебошад. “Ин анъанаи некест, ки омӯзгорон ва хонандагонро ба сӯи дастоварду комёбиҳои нав раҳнамоиву дилгарм месозад”,- афзуд вай.

Ӯ ҳамаи омӯзгорону хонандагонро ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ва 31-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат шодбош гуфта, ба онҳо таҳсил ва фаъолияти хубу натиҷадорро таманно намуд.

Сипас дар Мактаби хусусии инноватсионии шаҳри Бохтар Қурбон Ҳакимзода — раиси вилояти Хатлон ва маорифчиёну хонандагон суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синои шаҳри Душанбе мустақиман тавассути ҳама шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ сурат гирифт, тамошо карданд.

Бояд гуфт, ки беш аз 90 ҳазор хонанда имсол ба синфи якум дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон қабул шуданд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *