Вазорати меҳнат бе роҳбар монд

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев нимаи дувуми рӯзи 11 октябр бо имзои як қарор муовини вазири меҳнат ва рушди иҷтимоии ин кишвар Лунара Мамитоваро низ аз мақом барканор кард.

Мамитова пештар аризаи аз кор рафтанашро пешниҳод карда буд. Ёдрас мешавем, ин муовини вазири меҳнати Қирғизистон низ дар меҳвари баҳсҳои марбут ба сафарҳои хидматӣ қарор дошт.

Вакили порлумони Қирғизистон Аида Қосималиева 24 сентябр хост, маълумот дар бораи сафарҳои хориҷии вазири меҳнат ва муовинони ӯ санҷида шаванд. Ба гуфтаи ӯ, ба чорабиниҳо ва давраҳои омӯзишие, ки мутахассисон даъват шуда буданд, худи вазир ва муовинонаш рафтаанд ва мансабдорони кишвараш ҳато ҳангоми рафтан ба истироҳат низ аз шиносномаи дипломатӣ истифода кардаанд.

Додситонии кулли Қирғизистон 8 октябр натиҷаи санҷиши худ дар Вазорати меҳнати ин кишварро эълом кард, ки маълум шудааст, вазир ва муовинонаш бидуни иҷозати ҳукумат ва сарвазир бо истифода аз шиносномаи дипломатӣ ба хориҷ сафар кардаанд. Ҳамчунин Мамитова шиносномаи дипломатии худро сари вақт насупурдааст.

Вале худи Мамитова моҷарои ба миён омадаро мубориза барои мансаб номид.

Нимаи аввали рӯзи 11 октябр вазири меҳнат ва рушди иҷтимоии Қирғизистон Таалайкул Исокунова низ бо фармони президенти ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков аз мақом барканор шуд. Пештар муовини дигари вазири меҳнати Қирғизистон Зууракан Каденова ҳам дар пайи моҷарои мастияш дар дохили ҳавопаймо сабукдӯш гашта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *