Расулзода ҷаласаро оғоз намуд

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ифтитоҳ гардид.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорони ҷаласаро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки ҷаласа дар сатҳи баланд баргузор хоҳад гашт.

Қоҳир Расулзода, аз ҷумла иброз дошт, ки  «тайи солҳои охир миёни мо барои ҳалли мушкилоти иқтисодии минтақа ва ҷаҳон таҷрибаи хуби мубодилаи афкор дар фазои дӯстӣ ва созандагӣ сурат мегирад. Дар ин росто дар доираи СҲШ маҷмӯи васеи масоили ҳамкории иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ мешаванд. Умедворам, ки имрӯз мо ин самтро идома дода, таваҷҷуҳи худро барои баланд бардоштани самаранокии кори созмон ба самти иқтисодиёт равона хоҳем кард».

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахитжан Сагинтаев, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммедкали Абилгазиев,  Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, Вазири корҳои хориҷии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, инчунин роҳбари ҳайатҳои давлатҳои нозири СҲШ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ иштирок доранд.

Роҳбарони ҳайатҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷараёни татбиқи Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, кори Шўрои соҳибкорӣ ва Иттиҳоди байнибонкии СҲШ-ро баррасӣ карда, як зумра қарорҳоро дар бораи ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти созмон, аз ҷумла тасдиқ намудани буҷаи он барои соли 2019 ва Изҳороти муштарак қабул мекунанд.

Сипас ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) дар ҳайати васеъ бо иштироки ҳайатҳои давлатҳои нозир ва шарик дар муколамаи СҲШ сурат мегирад.

Дар ҷаласа намояндагони кишварҳои Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон ба ҳайси нозир иштирок доранд.

Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро зиёда аз 500 нафар рўзноманигорони дохилию хориҷӣ инъикос мекунанд.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *