Вазорати тандурустӣ марги прокурорро шарҳ дод. Хонаводааш дар карантин!
Ин шабу рӯз атрофи номи Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, сардори шӯъбаи назорати милитсияи прокуратураи шаҳри Душанбе, ки гӯё аз коронавирус ба марг расид, зиёд аст.
Ҷалолиддин Абдуҷабборзода 38 сол дошт. Ҷанозаи ғайриоддии ӯ дар саҳни ҳавлие дар маҳаллаи Восеъ, минтақаи Корхонаи орди Душанбе ва ҳам гурӯчӯби ӯ бо ширкати пизишкони либоси хос сурат гирифт.
Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, ки Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, сардори шӯъбаи назорати милитсияи прокуратураи шаҳри Душанбе шаби 15 апрел бо ҳолати вазнин дар Бемористони маризиҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе бистарӣ шуда буд. Бемории ӯ зукоми А (H1N1), илтиҳоби дутарафаи шуш ва фарбеҳии дараҷаи 3 ташхис дода шуд.
«16 апрел ба хотири вазнин шудани вазъи саломатияш ба Беморхонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон, интиқол дода шуд. Пизишкони беморхонаи мазкур ба ӯ ташхиси илтиҳоби дутарафаи шуш, зукоми А ва фарбеҳии дараҷаи 3 – ро гузоштанд. 17 апрел соат ба соат ҳолаташ вазнин шуд. 18 апрел аввал таҳти дастгоҳи оксигенератор буд ва сипас, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ). 19 апрел нимаи аввали рӯз вафот кард», — гуфт Дарвешзода.
Марги ногаҳонии Ҷалолиддин Абдуҷабборзодаи ҳудуди 37 – сола, ҷанозаи ғайриоддии ӯ дар саҳни ҳавлие дар маҳаллаи Восеъ, минтақаи Корхонаи орди Душанбе ва ҳам гурӯчӯби ӯ бо ширкати пизишкони либоси хос ба бар дар гӯристони кӯчаи Қаротегин шоеоти зиёд, аз ҷумла марги ӯ аз маризии «вируси корона» – ро ба вуҷуд овардааст.
Яке аз ҳамкорони Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, ки дар ҷанозаи ӯ ширкат кард, ба Sputnik.tj гуфтааст, тобути ӯро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба хона оварда, нагузоштанд, ки наздиконаш онро боз кунанд ва ҳамин тавр, ба қабристон интиқол доданд.
Сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, аҳли оилаи Ҷалолиддин Абдуҷабборзода худи ҳамон рӯзе, ки ба шифохона афтод, дар бемористонҳои сироятӣ — як қисм дар Душанбе ва қисми дигар дар Ваҳдат — қарантина шуданд.
«Ҳар беморе, ки бо ҳарорати баланд ба беморхона оварда мешавад, новобаста аз он, ки зуком аст, ангина ё ягон маризии дигар, аҳли хонаводаи ӯ оҷил ба қарантина фаро гирифта хоҳанд шуд. Яке аз шакҳое, ки сари онҳо мешавад, ҳамин маризии «вируси корона» аст. Ин ташхис ба ҳамаи онҳо гузошта мешавад. То мутмаин нашавем, ки ӯ гирифтори ин маризӣ нест, рухсат нахоҳем кард», — гуфт Бибихонум Дарвешзода.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ