Кормандони дастгоҳи президент коронавирус шуданд

Дар асоси оморҳои расмӣ то кунун 933 нафар дар Афғонистон ба корона мубтало гашта, 33 нафар низ ҷон бохтаанд.

Кормандони Дастгоҳи Раиси ҷумҳури Афғонистон мубталои коронавирус шудаанд. Дар ин бора sputnik.tj хабар додааст.
Ба иттилои як мақоми давлатии Афғонистон, ки аз ифшои номаш худдорӣ кардааст, ҳудуди 20 нафар дар кохи раёсати ҷумҳурӣ ба коронавирус мубтало шудаанд, аммо ин масъала пинҳон нигаҳ дошта шуда, то ваҳшат эҷод накунад, иттилоъ додааст Садои Хуросон, дар истинод ба хабаргузории Фаронса.
Бино бар иттилои манбаъ, як мақоми дигари афғон ин рақамро таъйид карда, гуфт, ки 12 нафар аз аъзои дафтари иҷроии раиси ҷумҳурӣ низ ба корона гирифтор шудаанд.
Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раиси ҷумҳурӣ аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ кард. Ашраф Ғанӣ 70 сол дорад ва ба тозагӣ даври дувуми раёсати ҷумҳурии худро оғоз кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *