Вазорати тандурустии Қароқалпоқистон: Дар пайи тазоҳурот ҳазорҳо нафар бистарӣ шудаанд
Ҳазорҳо нафар дар пайи тазоҳуроти эътирозӣ дар пойтахти Қароқалпоқистон — шаҳри Нуқус алайҳи ислоҳи Қонуни асосии Ӯзбекистон дар бемористон бистарӣ шудаанд. Дар ин бора вазири тандурустии Қароқалпоқистон Султонбек Зиёев хабар додааст.
«Ҳазорон нафар захмӣ ва дар беморхона бистарӣ шудаанду табобат мегиранд. Ба онҳо кумаки тиббӣ расонида мешавад»,- гуфтааст вазир ба нашрияи Daryo бидуни зикри шумораи қурбониён.
Ба гуфтаи мавсуф, беморхонаҳои Нуқус аз мизоҷон пур шудаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Қароқалпоқистон бо фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баъди бетартибиҳо вазъияти фавқулодда ҷорӣ карда шуд.
Гуфта мешавад, ки вазъияти изтирорӣ то 2-юми август идома ёфта, ин тасмим ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо, барқарор намудани тартиботи қонун дар қаламрави Қароқалпоқистон гирифта шудааст.
«Вазъияти фавқулодда аз соати 00:00-и 3-юми июл ҷорӣ шуда, то 00:00-и 2-юми август муқаррар карда шуд»,- омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон.
Мирзиёев гуфтааст, ки дар шароити феълӣ нигоҳ доштани “дӯстӣ ва бародарии қадимӣ, эҳтироми ҳамдигар ва меҳрубонӣ” муҳим аст. Вай ҳамчунин аз ҳифзи ваҳдат, фазои сулҳу субот, ки тӯли «асрҳо» дар давлат буд, ёдовар шудааст.
Бояд гуфт, ки тибқи Сарқонуни Ӯзбекистон, ҳангоми ҷорӣ кардани вазъи фавқулодда дар даромадгоҳ ва баромади Қорақалпоқистон қувва ва воситаҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҷалб карда мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки шаҳри Нуқус — пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Қароқалпоқистон ошӯб рух дод. Саркардагони ин бетартибиҳо баъд аз кӯшиши тасарруфи мақомот дар минтақа боздошт шуданд.
Дар як изҳороти муштарак парлумон, ҳукумат ва Вазорати корҳои дохилии Қароқалпоқистон гуфтаанд, ки тазоҳуроти ғайриқонунӣ ба далели ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосии ин кишвар сурат гирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ