Қаротегиниҳо дар Фарғона — зодгоҳи Усмон Юсупов. Маънии вожаи Водил

Суҳбат бо як сокини деҳаи Кафтархонаи вилояти Фарғона тасодуфӣ ва сарироҳӣ буд. Он мард таърихи Фарғонаро хуб медонист, аз тоҷикони водӣ буд, ба тоҷикӣ канда-канда, вале бурро гап мезад. Ӯ нақл кард, ки сокинони Кафтархона тахминан сесад сол қабл аз ин, аз Қаротегин ба ин деҳа ҳиҷрат карданд ва сукунат ихтиёр намуданд.

“Қаротегиниҳо аввал дар деҳаи Водил зиндагӣ мекарданд”,- мегӯяд он мард.

Водил маркази ноҳияи Фарғона аст ва ибтидо сокинонаш асосан тоҷикон буданд. Масофа аз Водил то Кафтархона 8 км аст. Ибтидо як қисми қаротегиниҳо дар Водил зиндагӣ доштанд ва ба Кафтархона, ки маҳали чоряккориашон буд, омадаву мерафтанд. Бо мурури вақт як нафари онҳо аз рафтану омадан хаста мешавад ва он маконро маҳали сукунат ихтиёр мекунад. Ҳамин тавр, сесад сол пеш деҳаи Кафтархона, ки ҳама сокинонаш тоҷикони Қаротегин буданд, пайдо мешавад. Соли 1901 дар ҳамин деҳа Усмон Юсупов — Котиби якуми КМ ПК Ӯзбекистон (солҳои 1937-1950), Вазири кишоварзии СССР (солҳои 1950-1953) ба дунё меояд. Баъд аз марги Усмон Юсупов (соли 1966) ин деҳаро ба номи ӯ — Усмонобод мегузоранд. Хона-музейи Усмон Юсупов дар ин деҳа аст.

Дар суҳбат таваҷҷуҳи бандаро номи маркази ноҳияи Фарғона — Водил ҷалб кард. Ин луғат ҳоло дар забони тоҷикӣ камистифода аст ё умуман истифода намешавад. Вале ҳамранги он деҳаҳои Ворух (Исфара), Ворӯ (Панҷакент) ҳастанд. Аммо, мутаассифона, ба ҷои ВОДИЛ ибораи “дили кушод” истифода мешавад, ки ба назар сохта менамояд. Шояд решаи ВОДИЛ дигар бошад? Шояд касе таърихи онро медонад? Шояд дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳамин монанд номҳо мавҷуданд?

Агар донед, нависед, шарҳ диҳед. Ин хизмати шумо дар бунёди луғати топонимҳои тоҷикӣ хоҳад буд. Ташаккур!

КИШТУДӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *