Виҷдони майор пок будааст…

Суҳроб Гадоев, як устои дару тирезаҳои пластикиро дар Спитамен рӯзи 22 декабр кормандони додситонии ноҳия ҳангоми пешниҳоди 7 ҳазор сомонӣ пора ба сардори бахши кофтукови ҷиноии ШВКД ноҳияи Спитамен майор Шероз Алиматзода дастгир карда, нисбати ӯ бо иттиҳоми додани пора ба шахси мансабдор парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Шаҳрванд Гадоев Сӯҳроб Гадоевич, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен, ҷамоати Т.Улҷабоев, кӯчаи А.Расулов, 3, ки устои дару тирезаҳои пластикӣ буда, аз ҷониби мақомоти милиса барои бархе ҳаракатҳои ғайриқонуниаш таҳти санҷиш қарор дошт, барои халос шудан аз ҷавобгарӣ ба сардори бахши ҷустуҷӯи ҷиноии ШВКД ноҳияи Спитамен майор Алиматзода Шероз Шавкат пора пешниҳод кардааст. Суҳроб Гадоев ба Шероз Алиматзода ваъда додааст, ки барои оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ ба вай 7 ҳазор сомонӣ медиҳад.Рӯзи 22 декабр, соати тақрибан 15, Суҳроб Гадоев ин 7 ҳазор сомонӣ маблағи ҳамчун пора пешниҳодкардаашро ҳамроҳи худ гирифта, ба утоқи кории Шероз Алиматзода омадааст. Ҳангоми пешниҳоди пул ба майор Алиматзода устои дару тирезаро кормандони додситонии ноҳияи Спитамен дастгир кардаанд.Ҳамон рӯзи 22 декабр дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба Гадоев Сӯҳроб Гадоевич бар асоси қисми дуюми моддаи 320-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо барои додани пора ба шахси мансабдор барои аз ҷониби ў дидаю дониста анҷом додани ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ аз 5 то 10 сол ҳукми зиндон бо ваё бе мусодираи молу мулкро пешбинӣ мекунад. Ҷолиб он аст, ки дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муҷозот барои додани пора ба шахси мансабдор назар ба гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор сангинтар аст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *