Вируси нав дар Чин: 3 нафар фавтида, 200 нафар сироят ёфтанд

Мақомҳои Чин рӯзи душанбеи 20-уми январ аз интиқоли сареъи як вируси нав ва ношинохта ба шаҳрҳои мухталифи он кишвар хабар додаанд. Дар ҳоли ҳозир шумораи қурбониёни ин вирус ба се нафар расидааст ва чандин тани дигар низ сироят шудаанд.

Мақомотҳои Чин ҳанӯз манбаи пайдоиши ин вирусро, ки ба коронавируси маргбори «SARS» монандии зиёд дорад, эълом накардаанд.

Ин вирус, ки нахуст дар шаҳри Вуҳани вилояти Ҳубей пайдо шуд, нигарониҳоеро дар ҷомеаи байналмилалӣ ба миён овардааст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ қаблан аз интишори ин вирус нигаронӣ карда буд. Баъдан мақомоти амрикоӣ эълон карданд, ки дар чанд фурудгоҳи ин кишвар тадбирҳои беҳдоштӣ барои мусофироне, ки аз шаҳри Вуҳан ворид мешаванд, дар назар гирифтаанд.

Мавридҳои машкуки ин вирус дар Кореяи ҷанубӣ, Тайланд ва Ҷопон низ шиносоӣ шудаанд.

Аммо ончи нигарониҳоро дар худи Чин афзоиш додааст, ин фаро расидани Соли нави чинӣ аст, ки имсол 25-уми январ оғоз хоҳад ёфт ва миллионҳо нафар дар таътилоти солинавӣ ба мусофират хоҳанд рафт.

Комиссияи миллии тандурустии Чин эълон кардааст, ки тадбирҳои сахтеро барои назорат ва шиносоии вирус дар назар гирифтааст. Ин комиссия айни замон гуфтааст, ки вазъ «қобили назорат аст».

Табибон ва пажӯҳишгарон мегӯянд, эҳтимолан вируси нав вирусе мебошад, ки то кунун дида нашуда буд. Ин вирус дар шаҳрвандоне кашф шудааст, ки дар як бозори маводи хӯрокӣ дар атрофи Вуҳан кор мекарданд ё ба он макон рафтаанд.

Аксари мавридҳои аввалини гирифторӣ ба ин вируси нав низ дар худи Вуҳан гузориш шуда буд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз масири паҳн шудани вирус ба таври комил ва дақиқ шиносоӣ нашудааст. Шуморе аз пажӯҳишгарон мегӯянд, ки эҳтимолан вирус аз ҳайвонот ба инсон интиқол ёфтааст.

То ба ҳол ҳадди ақал се нафар дар пайи сироят шудан ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд. Ба таври расмӣ эълон шудааст, ки 200 нафар ба ин вирус сироят шудаанд. Аммо эҳтимол меравад, ки омори аслӣ бештар аз ин бошад.

Шаҳри Вуҳан, ки вирус эҳтимолан дар он оғоз шудааст, аз терминалҳои асосии мусофиркашонӣ аст. Истгоҳи қатори Вуҳан яке аз чаҳор истгоҳи аслии қатор дар саросари Чин аст ва худи шаҳр 11 миллион аҳолӣ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *